Бахшҳо

ВИДЕО: “Тарафдори сатр нестам, аммо тарафдори онам, ки инсонҳо озод бошанд”

Худойбердӣ Холиқназаров, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон аснои суханронӣ дар мизи гирде бо номи “Масоили рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди пешгирии тундгароии исломӣ ва экстремизм” дар 5 май пешниҳод кард, вуруди сарулибоси барои фарҳанги тоҷикон бегона тавассути гумруки кишвар манъ шавад.

Аз ин пеш чанд мансабдори тоҷик ҳам аз таваҷҷуҳи зиёд ба либоси “барои фарҳанги мо бегона” нигаронӣ карданд. Дар зимн хабарнигори “Озодагон” дар кӯчаҳои Душанбе аз сокинон пурсид, ба назари онҳо кадом либос барои фарҳанги мо бегона аст?

Бархеҳо либоси аврупоӣ ва қисме “либосҳои хоси давлатҳои исломӣ”-ро ба фарҳанги тоҷик бегона гуфтанд. Нафраоне ҳам изҳор доштанд, “зани тоҷик бояд пеш аз ҳама тоҷикона бипӯшад ва тарзи пӯшишаш диққатҷалбкунанда ва вайронкунандаи одоби шарқиёна набошад”.

Як ҳамсуҳбати “Озодагон” бо ишора ба таъкидҳо атрофи бегона будани сатру ҳиҷоб гуфт, тарафдори ҳиҷоб нест, аммо мехоҳад занҳо дар пӯшиши худ озод бошанд: “Дар зиндагияшон дар рафторашон дар фаъолияташон маҳдуд набошанд”.

Ин нафар мегӯяд, бояд масъулин дар босавод ва бомаърифат кардани занҳо иқдом кунанд: “Вақте инсон худогоҳ аст, худаш мефаҳмад, ки ин сиёҳ аст ё сафед, ин хуб аст ё бад, ин барои ман мезебад ё намезебад”.

ВИДЕОи назарпурсиро тамошо кунед ва андешаи худро бинависед.


Мӯҳр
сино
барои ман мезебад ё намезебад

Дар охират аз зебои намепурсанд.Аз фармудаҳои Аллоҳ мепурсанд.

Салом ба тамоми корбарон. Чаро хамаги дунболи нобуд кардани хичобу ифати занонанд?? Чаро касе аз либосхои Аврупои намегуяд? Оё ин мини юпкахое ки дар мактабхо мепушанд вркеъан либоси Точикист? Касе дар ин бора бояд сухбат кунад ки фарханги точикиро дар худ пиёда карда бошад.

Точик
ин чи аблахист?! мардак худаш шиму кастюм пушида, либоси фарханги аврупоиро пушида ба занхо чи навъ либос пушиданро нишон медихад. О ту аввал худатро бин чи пушидаи?! магар фарханг факат барои зан аст?!
ин мардум каме фикр мекарда бошанд ки тамоми дунё моро механдад?!

Абумухаммад
Мо бандагон хар нафарро ба зохираш метавонем бахо дод. Зеро ба ботину дил Худованд доноаст. Хаминтавр мусалмони вокиъи хам ботинан хам зохиран бояд пок бошад.

Исфара
Мухтарам ozodagon шумоён танхо аз барахнахо гап нагиред шумо агар озод бошед аз занхои боиффати точикхам гап гиред хичоб фарзи илохист ба ояти 59-и сураи ахзоб мурочиат кунед!

Сатор
Ба Холикназаров ва коркунони ин соха : шумо ба як пешниходи хоми худатон Халкро ба Хукумат душман накунед. Зи як харфи бемуруват ошно бегона мегардад!!!!!!Бехтараш Шумо пешниход кунед ки сару либоси точикии ба ИСЛОМ наздикро чори кунанд.

Салом ба тамоми мардуми мусалмонони Точикистон! ой мардум шароити имрузаро нигох карда, бо кадри имкон пули дар чайб бударо нигох кард либосро харидори мекунед, лекин Шумо бо хамин атласатон хамаро девона кардед, ойё мумкинай ки дар фасли зимистон атласро пушид, ё ин ки нархи атласи мегуфтагиатон ба хама дастнорас хаст ё не? мардум дар кайхон гаштугузор доран Шумо то хозир аз кафои атласу чакан гуфта гаштет, бехтар мешуд ки мардумро аз ягон навгонихои истехсолкардаи худи точикон меомухтен? Шумо мондену хичобу ришу масочиду сафсатагуихои зиёд ва таърифхои дуруге ки дар замин рост намеомадаги,

Kulob
Libosoi az xorija doxil shuda libosi tojiki nest megan, Tojikiston baroi 8.5 mln agolish libos duzonda metona? Hamukadar fabrika dora? Libosi milli megan da aklshon chakan, atlas miya dar zimiston zanho ba 1 atlas tokat kada metonan da xunuki? Yo mardakosa jins namezeba tojiki nest mega u besavodi dugarish. Da tobiston agane jelaku, joma pusha a? Aval tojikiston pew ay i masalara gap zadan xdw boyad xalka Ba libosa tamin kada tona. 1 fabrika nadora xdw bo libosoi import mewudagira man knen megan.

Имруз зан дар чомеъа мавкеъи махсусро дорад ва ин мавкеъи онхо солхои охир ба хам мустахкам мегардад.Тавре маълум аст занони кишваре, ки хичоб расми миллии онхост, аз он озод шуда, дар хаёти чамъияти фаъолона ширкат меварзанд. Вале дар кишвари мо, ки Хукумат пайваста нияти баланд бардоштани мавкеъи зан дар чомеъа мебошад, гуруххои пайдо шуда истодаанд, ки занонро ба зери чодари сиёх кашида, аз хукуку озоди махрум кардан мехоханд. Хичоб дар хакикат барои мардуми мо бегона аст.

Сатор
Ба Мухочир: шумо дар мамлакати мусулмони зиндаги мекунед. Бояд насихатхои Куръониро бахисоб гиред. Либоси точикии ба Ислом наздик бисер мебошад.Халкро ба Хукумат дурман накунед.

Сатор
Ба Точик: Агар ту Точики мусалмонон боши Хичоб е сатр моли куръон аст. Сатри точикие ки хохарон ва модарони мо истифода мебурданд , Бехтарин сатр буд, ки аз ин мамлакатхои Дуне бояд избрад гиранд.

Дар Чахоркитоб гуфта шудааст: "фардо барои як зан се мардро азоб кунанд. Яке падар, яке бародар ва яке шавхар, ки дар хона хешони наздик шумо будед ва дар омухтани ахкоми дин кутохи кардед.

Озоди
Ика чалламуло ай кичо пайдо шуда бошад а Озодагони чун!? Да комент мехониш меги рафта киёмата дида ома боша ё тоба

Абдуллох
Душмани бо Курън.....Э хайфи суханам...

наби
озодагон шумоям факат берумолойи тарафдоройи худатонро навор мекунед як занхойи аз худобохабарам пурсед чи мегуян йо шарм медоредми

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)