Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:31

Дар ҷумҳурӣ 47 корхонаи муштараки Тоҷикистону Қазоқистон фаъолият мекунад

6 октябр 2011, 04:21

Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН МО сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон ҷаноби  Агибай Смагуловро ба ҳузур пазируфт.


Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумон ба хабаргузории «Озодагон» дар ин бора иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо дар тамоми бахшҳо баррасӣ шуданд. Шукурҷон Зуҳуров эълон кард, ки Маҷлиси намояндагон    дар оғози ҳафтаи равон нахустин ҷаласаи худ баъд аз таътили тобистонаро баргузор намуд, ки дар он дар қатори дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим як созишнома байни ҳукуматҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон оид ба расонидани кўмаки ҳарбии ройгон тасдиқ гардид. Дустии миллати тоҷику қазоқ аз ҳазор сол пеш сарчашма мегирад. Ва ин дустӣ то кунун идома дорад. Дар солҳои барои Тоҷикистон душвор яке аз музокиротҳои ҳалкунандаи байни тоҷикон дар ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид ва ин кишвар нақши худро дар барқарорсозии сулҳи тоҷикон гузошт.

Қайд гардид, ки то имрӯз миёни Тоҷикистону Қазоқистон 70 санади меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расидааст. Якчанд комиссияи байнидавлати фаъолона кор карда истодааст. Сандуқи сармоягузории ҳар ду кишвар  таъсис дода шудааст, ки барои омода сохтани фазои иқтисодии кишварҳо корҳои мушахассеро ба сомон расонидаанд. Тоҷикистон омода аст бо Қазоқистон дар риштаи коркарди маъданҳои кўҳӣ, металлургияи ранга, энергетика ва коммуникатсия  ҳамкориҳои судманде дошта бошад.

Манбаъ афзуд, парлумонҳои ду кишвари мустақили Тоҷикистону Қазоқистон дар тўли 20 соли истиқлолияти худ ба таҷрибаи бисёр нодир даст ёфтаанд ва истифода аз ин таҷрибаҳо ба нафъи парлумонҳои Душанбе ва Остона мебошад.

Агибай Смагулов, сафири Қазоқистон дар ҶТ дар навбати худ изҳор дошт, ки кишвараш Тоҷикистонро аз дўстони асосӣ ва муҳимтарин шарики худ дар минтақа медонад ва барои таҳкими муносибот бо ин кишвар аз тамоми имконот истифода хоҳад кард. Дар Тоҷикистон 47 корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Қазоқистон фаъолона ба нафъи мардум хизмат карда истодаанд.

-Чанде пеш ман аз сафари вилояти Суғд ва ноҳияҳои Ҳисору Турсунзода баргаштам. Дар ин минтақаҳо ҳам тоҷирони қазоқистонии мо метавонанд бо ҳамтоёни тоҷикии худ ҳамкорӣ намоянд. Ҳамчунин, фаъолияти шӯрои ҳамоҳангсоз, ки ба он сарварони ҳарду кишвар роҳбарӣ менамоянд, хеле ҷоннок гардидааст, - гуфт Агибай Смагулов.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!