Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:32

Маҳалгароӣ дар ТВ ва матбуоти Тоҷикистон

17 май 2011, 08:32

Заъфи гуногунандешӣ дар телевизионҳои Тоҷикистон, вуҷуд доштани маҳалгароӣ дар бархе аз расонаҳои хабарӣ имрӯз зиёд ба назар мерасад ва ин омил паёмадҳои нохуб дорад, мегӯяд Рустами Ҷонӣ, муассиси рӯзномаи «ИмрӯзNеws».

Ин ҳарфҳоро ӯ  дар як семинар, ки рӯзи 17-уми май дар толори телевизиони «СМТ» баргузор шуд, иброз дошт. Номбурда қайд кард, ки таҷриба нишон дод, ки барои журналистони мо хусусан барои радиову телевизионҳои Тоҷикистон қабули принсипи этикаи журанилистӣ лозим аст ва  риоя нашудани чунин принсипҳо хонанда ва бинандаро аз ВАО дур мекунад. Рустами Ҷонӣ аз фаъолияти телевизионҳои давлатӣ изҳори нигаронӣ намуда, гуфт «ин телевизионҳо танҳо сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро тарғибу ҷонибдорӣ менамоянд, ҳол он ки онҳо телевизионҳои давлатӣ  ҳастанд ва набояд бо чунин шева фаъолият кунанд, баъзе кормандони ин телевизионҳо тафовути мафҳуми  давлатӣ аз ҳукуматиро дарк накарда, чун пропагандист ҳангоми фаъолияташон фикр мекунанд, танҳо рисолаташон дар ҳамин аст, ки кадом намояндаи ҳукумат, ҳар чӣ ки гӯянд, онҳо бояд ҷонибдорӣ намуда, онро пахш кунанд.»

«Ӯзбак» не ӯзбек бояд бошад

Ба гуфтаи Ҷонӣ, дар миёни журналистон ҳангоми пайгирии мавзӯъ низ камбудиҳо ба назар мерасад, ки бархеаш ҳукм бароварда аз доираи меъёрҳои ахлоқиву ҳуқуқӣ берун мешаванд. «Бархе аз хабарнигорон бо як нафар коршинос сӯҳбат мекунад, вале дар маводаш аксари коршиносон ба чунин назаранд гуфта менависанд, ки набояд чунин бошад. Гузашта аз ин мафҳуми узбак дар матбуот зиёд ба назар мерасад. Дар ин шакл ном бурдани як миллати дигар хатост ва онҳое, ки ҳамин гуна ҳарф мезананд инро бояд бубинанд, ки дар вазорати корҳои хориҷа ва ниҳодҳои марбут ин калима чӣ гуна номнавис шудааст, ҳамон тавр истифода баранд. Вақте аз дастовардҳои кишвар ҳарф мезанем, набояд танҳо саҳми миллати тоҷик дар он ҷо гуфта шавад, балки саҳми тоҷикистониён гуфта ном баранд, зеро дар кишвари мо миллатҳои зиёд аз қабили русҳо ва узбекҳо низ кору фаъолият доранд, яъне онҳо низ дар ин ҷо саҳм доранд».

Маҳалгароӣ ва ормонҳои миллӣ

Дар ҳамин ҳол Абдураҳмон Абдуманонов, котиби масъули агентии иттилоотии «Ховар»  ва собиқ муовини аввали райиси кумитаи радио ва телевизиони кишвар мегӯяд, вақте телевизионҳо давлатианду аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешаванд аз ҳамин сабаб онҳо сиёсати ҳукуматро ҷонибдорӣ мекунанд. Номбурда омили  маҳалгароиро  дар ВАО-и кишвар тасдиқ намуд ва далел овард, ки «дар як мақолаи Толибшоҳи Сайидзода, ки номаш дар ёдам нест, маҳалгароӣ дида мешуд…»

Нуриддин Қаршибоев, раиси ассотсиатсияи миллии ВАО (НАНСМИТ), бошад бар ин назар аст,  ки воқеан ҳам дар амалияи имрӯзаи мақомотҳои давлатӣ дида мешавад, ки телевизионҳо сиёсати онҳоро ҷонибдорӣ менамоянд, вале дар асл набояд чунин шавад, зеро «телевизинҳо аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ мешаванд ва ин пули давлат пули мардум аст, ки аз ҳисоби андоз ҷамъ мешавад, бинобар ин расонаҳои давлатӣ на танҳо сиёсати ҳукумат, балки бояд ба манфиати мардум ва амалӣ гардонидани ормонҳои миллат кор кунанд. Азбаски телевизионҳои давлатӣ тарғиби сиёсати ҳукуматро шиори худ кардаанд, бинобар ин дар онҳо гуногунандешӣ низ ба назар намерасад".{jathumbnail off}

Алишер Зарифӣ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!