Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 08:56

47 нафар дар шимоли Тоҷикистон ба маризии сироятии ҷинсӣ мубтало гаштаанд

6 октябр 2011, 06:50

Гулчеҳра Исҳоқова, мудири шӯъбаи тиббии машваратии ҷавонон дар маркази   касалихои пӯсту таносул мегӯяд, аз шумори 360 нафар муроҷиаткунандагон 47 ҳодисаи сироятшавии сокинон ба маризии сироятии ҷинсӣ маълум  шудааст.


Бино ба гуфти хонум Исҳокова, дар шӯъбаи тиббии машваратии ҷавонон ташхис ва табобат барои муроҷиаткунандагон ва беморон ройгон буда, аз онҳо ному насаб  пурсида намешавад ва танҳо тавассути рамзи махсус  ба қайд гирифта мешаванд. Масъулони ин муассисаи машваратӣ сабабҳои пайдоиши ин маризӣ дар миёни сокинон ва махсусан ҷавононро ба далели набурдани тарзи ҳаёти солим дар оила, муҳоҷирати кории пайваста ба кишварҳои ғайр ва ҳам надоштани иттилои кофӣ рабт медиҳанд.

Шӯъбаи тиббии машваратии ҷавонони вилояти Суғд  дар назди маркази касалиҳои пӯсту таносул аз аввали соли равон таъсис ёфта, фаъолият мекунад. Феълан, дар қаламрави вилоят, шӯъбаи тиббии машваратии ҷавонон (ШТМҶ)  дар маркази саломатии репродуктивии шаҳри Исфара ва ҳам дар назди маркази саломатии рақами 5-и шаҳри Хуҷанд амал мекунад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!