Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:51

Рамазон Абдулатипов ба президент китоби «Халқи тоҷики ман»-ро тақдим кард

7 октябр 2011, 03:58

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон  раиси Донишгоҳи  давлатии  фарҳанг ва  санъати  шаҳри  Маскав  Рамазон  Абдулатиповро баъд аз зӯҳри дирӯз  ба  ҳузур  пазируфт.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии президент иттилоъ доданд, Абдулатипов баъди анҷоми мулоқот  дар  ҳузури  журналистон, аз  ҷумла, чунин  гуфт: «Мо  ба  шарофати  мавқеи  президенти Тоҷикистон  ва  муносибати  неки  ӯ бисёр  масъалаҳоро  муҳокима   намудем. Эмомалӣ  Раҳмон  ҳам барои  ман ва  ҳам барои  Русия  шахси  басо наздик  аст,  бинобар  ин  бисёр  проблемаҳои  рушди  Русияи  имрӯза  диққати  ӯро  ба  худ ҷалб  мекунанд. Аслан Эмомалӣ Раҳмон дар  вақташ изҳори  хоҳиш  намуда ва  ташаббус  нишон  дода буд, ки  мо  симпозиуми  байналмилалии  фарҳангу  санъат  дар  фазои   маърифатии  ҷаҳонро  дар  ҳамин  ҷо  гузаронем. Мо  ин  симпозиумро  якҷоя  бо  вазорати  фарҳанг  ва вазорати  маорифи  ҷумҳурии  Тоҷикистон  мегузаронем. Моро  дар  сатҳи  баланд  пазироӣ  мекунанд  ва  мо  бисёр  масъалаҳо,  аз  ҷумла масъалаҳоеро  муҳокима менамоем, ки  барои  президент ҷолиб  буданд.

Собиқ сафири Русия дар Тоҷикистон афзуд, ман  ба президент нақл  кардам, ки  соли гузашта донишгоҳи  мо  симпозиуми   байналмилалии  «Форуми фарҳанги  Маскав» - ро  доир  намуд ва  мо  чунин  хулоса  баровардем, ки  фарҳанг  бояд  лоиҳаи   асоситарини  миллӣ  гардад. Ман ба президент хабар  додам, ки  дар  давраи  корам  дар  донишгоҳ теъдоди  донишҷӯёни тоҷике, ки  дар  он  ҷо  таҳсил  менамоянд,  афзуд. Ман  маҷаллаеро  нишон  додам, ки  дар  донишгоҳ  нашр  шудааст. Мо дар  донишгоҳамон  якҷоя  бо  сафорати  ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  Федератсияи  Русия  20- солагии Тоҷикистонро  таҷлил  намудем. Варианти  якуми  китобам «Халқи  тоҷики  ман» - ро  ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод  намудам. Президент  онро бо  камоли  миннатдорӣ  пазируфт. Ба фикрам ана  ҳамин  хел  иқдомоти  мушаххасе, ки русиягиҳои мо ва  тоҷикон  зоҳир  менамоянд, барои  таҳкими  дӯстии  халқҳо, бешубҳа, мусоидат  менамояд».{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!