Бахшҳо
20 май 2015 16:47Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

Раҳимзода: Маблағи 319 пистолету револвери мардумро медиҳем (ВИДЕО)

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 20-уми май ба қонун “Дар бораи силоҳ” тағйиротеро илова намуд, ки тибқи он силоҳҳои қонунӣ гирифтаи шаҳрвандон ҷамъоварӣ хоҳад шуд.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон зимни шарҳи лоиҳаи мазкур гуфт, тағйирот ба қонун усули ҷамъоварии силоҳ ва ҷуброни маблағи онро муқаррар мекунад: “Мақсади таҳияи ин лоиҳа, муайян намудани тартиби аз гардиш гирифтан ва ҷуброни маблағи силоҳи оташфишони зарбаш маҳдуд, таппончаҳо ва патронҳои ҷароҳатрасон мебошад, ки шаҳрвандон то манъи гардишашон ин силоҳҳоро тибқи қонун ба ихтиёри худ гирифтаанд”.

Раҳимзода зикр кард, 26-уми июли соли гузашта ба моддаи 9-и қонун “Дар бораи силоҳ” тағйиру иловаҳое ворид гардиданд, ки гардиши силоҳҳои номбаршударо мамнӯъ карданд: “Вақте шаҳрвандон бо истифодаи ин силоҳҳо ба кирдорҳои ғайриқонунӣ даст заданд, мо маҷбур шудем, гардиши онро манъ кунем. Пеш аз ворид намудани ин тағйироту иловаҳо 319 адад таппончаю револверҳо дар ихтиёри шаҳрвандон қарор доштанд. Акнун тибқи тағйироте, ки қабул шуд Вазорати корҳои дохилӣ тартиби гирифтани ин силоҳҳоро муайян мекунад".

Вазири умури дохилӣ таъкид намуд, барои поймол нагардидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, баъди гирифтани силоҳҳои қайдшуда аз суратҳисоби махсуси ниҳоди зертобеаш марҳила ба марҳила маблағи силоҳҳои мусодирашуда ба шаҳрвандон пардохт хоҳад шуд.


Мӯҳр
ман дар Помир 200 сар моли майда ва 6 сар моли калон дорам. Хар сол аз хучуми бабри барфи ва гургу шагол 20-30 адад чорворо аз даст медодам ва бо милтики шикори хайвонхои вахширо мегурезондам. Агар тамоми силохро аз мо чупонон хам чамъ кунанд, на факат чорвои мо, балки худи моро низ палангу хисру гург мехуранд. Чи кор кунем, мухтарам вазир?

Як бор мард шавед рост бигуед. Икрор кунед' ки акнун мо метарсем шабхо хобамон намебарад ки имруз е фардо мардум бапо мехезанд ва моро сарнагун мекунанд барои хамин мо бояд ярокро аз онхо бигирем

Чупонов агар шуморо гург хурад хукумат аз Шумо халос мешавад ва молу гови шуморо милисахо таксим мекунанд.УРА-УРА-УРА

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)