Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:15

Ойниҳол Бобоназарова: Бетарафии хориҷиён бойиси нигаронист

17 май 2011, 08:39

Намояндагони иддае аз давлатҳои хориҷ, ки дар Душанбе фаъолият доранд, дар робита ба масъалаи бекор кардани ҳукми қатл бетарафӣ зоҳир мекунанд, ки ин ғайриқобили қабул аст.

Зеро, нахуст кишварҳои Аврупо ба Тоҷикистон барои бекор кардани эъдом тавсияҳо дода, ба ин роҳ равон карданд, ин нуктаро Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари ташкилоти «Перспектива +» зимни суханронии худ дар конфронси байналмилалӣ оид ба «Осиёи Марказӣ бидуни ҳукми қатл» таъкид намуд.

 

Ба сифати далел номбурда аз фаъолияти САҲА мисол овард. Зеро давоми ин солҳо САҲА боре ҳамоише, мизи муддаваре баргузор карда, ин масъаларо ба баррасӣ нагирифтааст. Дар ҳамин конфронси байналмилалӣ низ ширкат надоранд. Аммо, Ойниҳол Бобоназарова аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки дар ҳамоишҳои охир намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ширкат варзида бо маърўзаҳо баромад мекунанд.

«Ин бозгўи он аст, ки ҳукумати Тоҷикистон сиёсати башардўстона дорад ва масъалаи ҳукми қатл масъулинро ба ташвиш овардааст», мегўяд Ойниҳол Бобоназарова.

Бояд тазаккур дод, дар ҳамоиши мазкур додситони кулл Шерхон Салимзода, раиси додгоҳи олӣ Нусратулло Абдуллоев, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода, мушовири раиси ҷумҳур оид ба ҳуқуқ Хурсандмурод Мирзоев ва Юсуф Салимов-раиси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур, Баҳром Абдулҳақов-ҷонишини сардори раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон ва намояндагони ташкилоти ғайридавлативу созмонҳои байналмиалӣ ширкат доранд.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!