Бахшҳо

Нишони тилои Анҷумани Нурсултон Назарбоев ба Сафар Абдуллоҳ

Сафар Абдуллоҳ, донишманди тоҷики муқими Қазоқистон аз сӯи Анҷумани мардуми ин кишвар, ки раҳбарии онро Нурсултон Назарбоев бар уҳда дорад, бо нишони тилои “Ваҳдат” қадрдонӣ шудааст.

Рӯзи 20 май зимни маросиме таъкид гардидааст, ки ин нишон ба хотири саҳми бузурги Сафар Абдуллоҳ дар рушди фарҳанг ва таҳкими дӯстиву рафоқат миёни мардум тақдим мешавад.

Ба гуфтаи Бекпӯлод Тошпӯлодов, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Алмаато, ин нишон ба донишманди тоҷик дар асоси фармони раисҷумҳури Қазоқистон тақдим гардидааст. Тошпӯлодов мегӯяд, ин иқдом барои ҳамаи тоҷикони муқими Қазоқистон боиси ифтихор мебошад. Ӯ таъкид кардааст, Сафар Абдуллоҳ бо пажуҳишҳои пурарзиш ва кору осори хеш дар рушди фарҳанги Қазоқистон ва нерӯманд гардидани дӯстӣ байни ақвоми ин сарзамин саҳми арзанда гузошта, мояи ифтихори тоҷикони ин минтақа аст.

Сафар Абдуллоҳ аз ҷумлаи шахсиятҳои камназирест, ки дар бахшҳои гуногуни ҳаёти кишвар хидмати мондагор мекунад. Ӯ профессори Донишгоҳи забонҳои ҷаҳон ва равобити байналмилалии ба номи Абилайхони Қазоқистон, бунёдгузор ва сардабири фаслномаи “Эроннома” ба забони русӣ ва ҳамчунин мудир ва сардабири нашриёти “Китобхонаи Олҷас” буда, беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳонро дар ин нашриёт ба чоп расонидааст.

Сафар Абдуллоҳ муаллифи даҳҳо асари пурарзиши илмӣ ва адабӣ монанди “Нури сухан”, “Магические мосты”, ”Магия Слова”, “Муъҷизаи Наврӯз” , “Марсияи Хуршед” , “Рӯшаноии сухан” “Фарҳанги тахассусии русӣ форсӣ ва форсӣ русӣ” , ”Каталог персоязычных рукописей“ ва ғайра мебошад. Бо талоши ӯ дар нашриёти “Китобхонаи Олҷас” дар қатори беҳтарин осори суханварони ҷаҳон, гузидаи чанд шоиру нависандаи тоҷик монанди Муъмин Қаноат, Темур Зулфиқоров ва Баҳманёр ба чоп расидааст.
Мӯҳр
25
Офарин аз дур бошад хам обруи ин миллатро баланд бардошти.

Рустам аз Фархор
Устод Абдуллоро бо ин нишони тилоии "Вахдат" аз номи мардуми Фархор табрик гуфта ва умри дарози бобаракат хохонам. Рахмати Худо бар шуммо ки номи точиконро баланд кардед. Аллох йору мададгорат бошад.

Муаллим
ТиЛЛо. Дуто Л бояд навишт.

Фируз
Муборак бошад Устод! Моро хеле хушхол кардед.

Нишони тиллои муборак устоди гиромикадр!!! мо бо ин чоиза Шумо фарх мекуним)))))))))))

Офарин ба шери нарри дехаи Артуч! Панчакенти бостони бо чунин абармардонаш ифтихор мекунад... Чаноби Сафар Абдулло барои чи ба Точикистон омада кору зиндаги намекунад?

Мухаммад
Хучаста бод Устоди гироми

Вокеан чаро шумо "тилло"-ро бо як "л" менависед? Аккалан як ба фарханги забони точики нигаред.

хонанда
Сафар Абдулло хизмати мардуми казокро карда гаштааст. Хамаи талошхояш ба хотири унвону нишонхост, на ба хотири пешравии мардуми точик! Чаро у аз кору фаъолият дар Точикистон ор мекунад?

Дурридарисанч
Вожаи Тило ё Тало ташдид надорад - Тало -т-ало ё хамон т-алий ( сурх) аз забони форсии кадим ба забони араби ворид шуда мисли вожахои дил, ишк , фирдавс ва гайра (аслан решаи авастои доранд ва баъд бо ворид шудан ба забонхои соми хусусан араби шакли муарраб касб кардаанд) Тило низ дар шакли арабиаш طلا аст ки ташдид надорад

Комил
Исмати охир дар Точикистон дар хазор сол сохиби тилло ва кадр намешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)