Бахшҳо

Ношукрӣ аз шукрона

Азизи НАҚИБЗОД

Мардуми тоҷик табиатан қаноатпеша ва шокир мебошанд. Ин хислат аз як сӯ бурдҳои зиёд дошта бошад, аз сӯи дигар касро аз мубориза бозмедорад.

Фалсафаи қаноат дар зиндагии мардуми мо таърихи тӯлонӣ дорад. Ҳатто мешавад гуфт, барои миллати мо як навъ фарҳанг шудааст. Адабиёти ҳазорсолаамон низ моро аз андӯхтани сармоя ва расидан ба зиндагии шоиста боз медошт. Ба сабру гӯшанишиниву тарки дунё ва қаноати нозарур талқин мекард. Аз инҷост, ки ҳанӯз ҳам нодорӣ, камбағалӣ барои аксари мо нишони хоксорӣ шумурда мешавад. Вақте ки як аврупоӣ мемирад, барои фарзандаш қасру маблағи зиёд дар бонк мерос мегузорад, вале бештари фарзандони тоҷик пас аз марги падар барои оши худоиаш қарз мекобад.

Ҷои афсӯс аст, ки имрӯз васоити ахбор, мансабдорон, руҳониён ва ҳатто бархе аз зиёиён мардумро боз ҳам ба шукр ва қаноат даъват мекунанд. Ин ҳам дар асри 21. Дар замоне ки сарват қудрат аст. Ва танҳо кишварҳое, ки сарватмандони зиёд доранд, рӯи онҳо ҳисоб мекунанд.

Инро набояд фаромуш кунем, ки дар талоши зиндагии беҳтару сазовортар будан ин маънои ношукрӣ кардан ба шароити мавҷуда нест. Беш аз ин агар чунин талош нашавад, пешрафт низ ба даст намеояд. Рушд дар натиҷаи мубориза ба даст меояд.

Фалсафаи шукронаву қаноат агар дар кутоҳмуддат ба манфиат ҳам бошад, вале дар дарозмуддат рӯҳияи талошу муборизаро аз миён мебарад. Касро хоболуду танбал мекунад. Имрӯз моро зарур аст, ки баракс мардум ба хусус насли ҷавонро дар руҳияи ҷаҳду кӯшиш барои сазовор шудан ба як навъ зиндагии хубу саодатмандона ташвиқ кунем. Муҳимтар аз ин роҳҳои ба мурод расиданро барояшон пешниҳод намоем.

Ба назар бояд, гирифт, ки имрӯз ба кишварҳо ва миллатҳо аз рӯи иқтисоди солиму пешрафта ва вазъи иҷтимоиашон баҳо медиҳанд. Ин танҳо моем, ки бо буда қаноат мекунему барои доштани як бурда нон шукр. Магар бо ин роҳ метавонем, имиҷи давлату миллатамонро дар сатҳи ҷаҳон боло бубарем? Дақиқан наметавонем. Пас бояд ба ҷои ин ақида андешаи тозае биёбем, то роҳҳоеро барои пешрафти кишвар кушояд.

Бо дарки ин масъала бояд ба гардан бигирем, ки тарғибу ташвиқи фалсафаи қаноат ба манфиати миллату давлати мо нест. Ҳар назаре, ки моро аз пешрафт бозмедорад, бояд канораш бигзорем.
Мӯҳр
Худодод
Фалсафаи каноатро мансабдорон барвакт фахмидаанд. Аз ин чихат беташвиш бошед, бародари азиз. Вой бар ахволи халки бечора.

тт
Шукр,шгрона ,шукрия карда гардед мардум

БЕХТАРИН МАКОЛА ОФАРИН

раъно
Шукр гуфта гаштан гирен як гап мешавада .

Мутаасифона як шахсе ба номи Зайди Саид дарки ин масъаларо ду сол пеш карда буд...
Ба хамагон маълум чи гап шуд...

Мутаасифона як шахсе бо номи Зайд Саид ин масъаларо ду сол пеш хост муаррифи кунад ва афсус ки дар кадом хол афтод ба хамагон маълум...
Ин тур масъалахоро одамони одди нею, бал ки олимон, иктисоддонхо,академияи улум ва шахсони масъул,(депутатхо) ки аз хисоби андозсупорандагон маош гирифта, корашон то хол маъное надорад, бояд пешниход кунанд.

точик
Ин "шукрона"-еро ки шумо дар назар доред, мансбдорон аз боло то поён ба мардуми камбагал талкин мекунанд ва барои он ин корро мекунанд ки вазъи иктисодии мардумро бадтар кардаанд ва мачбур мекунанд ки бо як тикка нони кок шукрона кунед. Лекин барои чи худашон шукрона намекарда бошанд? бо як чип ду чип се чор хона чандин зан???!!!!!

... ЯЪНЕ "ОЙ МАРДУМИ БЕЧОРА ! ШУКРОНА КАРДА ДАР РУСИЯ БАРОИ ДАРЁФТИ ЯК БУРДА НОН "ГУЛОМИ" КАРДА ГАРДЕДУ БА ВАТАН
НАОЕД,КИ МАНСАБДОРОН ХАМА ДАР КУРСИШОН ХОБАНД, ТО КИ АЗ "САДОИ ШАРФАИ ПОЯТОН " БЕДОР НАШАВАНДУ ДАР ПАХЛУИ ЗАЙД САИД НАШИНОНЕН !!!!!

Кулябец
Камбагалию факири ба бедини, чохили, касалихои рухи, зуд пир шудан, аз байн рафтани мехр ба Ватан бурда мерасонад!!

Каноат
Хааа, Азизе! Мехохи, ки каноетпешагиву шукронагуиро аз шуури мардум тоза карда мардумро ба шуриш бархезониву бо давлату хукумат чанг андози? Ин тавтеахоят ба кор намеравад. Хести, ки хоби! Сад бор шукронаи тинчиву оромии кишварамон ва раиси чумхури одиламон, ки моро аз чангу хунрезиву хлокат начот дод.

Шукронаи миллат кунед, шукрона кунед ки тинчи амони аст дар ватани кашоктарини дунё!як чахон ташакур.

Ворис
Бахудо дуруст дарк кардед худованд низ фармудаастки аз ту харакат аз ман баракат. Кадрхоро хамон тамбалоне ки дар 23 сол чизе накарданд хамонхо таълим медиханд......

Салом,

  Оё шумо барои гирифтани қарз корӣ, қарзи шахсӣ, қарзи хона, худкор ҷустуҷӯ
  қарз, қарз хонанда, қарз ба таҳкими қарз, қарз unsecured, корхонаи
  сармоя ва ғ ... Ё ки ту қарз аз тарафи бонк ё ягон молиявӣ рад
  муассисаи барои як ё якчанд reasons.You дар ҷои ҳуқуқ барои доранд
  ҳалли қарзи худ!
  Ман як қарздиҳанда хусусӣ ҳастам, ман ато қарзҳо ба ширкатҳои ва шахсони алоҳида дар
  фоизҳо паст ва дастрас
  Меъёри аз 2%.
  Манфиатдор? Тамос бо тавассути почтаи электронӣ michaelscotloanfirm@gmail.com барои пайравӣ то коркарди қарз ва
  интиқол дар давоми 48 соат;

  ТАТБИҚ тафсилот

  ном
  Санаи таваллуд:
  гендерї:
  Аҳволи оилавӣ:
  Нишонӣ:
  Шахр:
  Давлат / вилояти:
  Индекси почта / коди почта:
  кишвар:
  телефон:
  E-почтаи электронӣ:
  Мақсади давлатии қарзӣ:
  Қарз Маблаѓ:
  Қарз ва анљомёбии лоиња:
  Даромади моҳонаи холиси.

  Баргаштан ба ман ҳарчи зудтар бо маълумоти дар боло зикргардида барои маълумоти бештар.
  Ман умедворам, ки аз шумо мешунавед.
  мавриди
  CONTACT ба мо


гаронқимат Майкл

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)