Бахшҳо

Бародарзодаи Э. Раҳмон прокурори ноҳияи И.Сомонӣ таъин шуд

Раҳмон Умедҷон Нуриддин, бародарзодаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардидааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Раҳмон Умедҷон Нуриддинро дар қатори кадрҳои навтаъине зикр намудааст, ки дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти прокуратураи кишвар вазифа гирифтаанд.

Умедҷони Нуриддин, ки писари Нуриддин Раҳмонов, бародари калонии Эмомалӣ Раҳмон мебошад, гуфта мешавад, дар гузашта ба ҳайси сардори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлия низ кор карда, моҳи августи соли 2014 бо фармони раисиҷумҳур бо медали хизмати шоиста қадрдонӣ шудааст.

Умедҷони Нуриддин 11 октябри соли 1981 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Соли 2004 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, аз соли 2004 то 2006 дар Вазорати адлия кор кардааст. Солҳои 2007-2008 сардори шӯъбаи қонунгузории конститутсионии Раёсати қонунгузорӣ, мудофиа ва амнияти Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлия ва солҳои 2008-2009 муовини сардори ҳамин шӯъба аз солҳои 2009-2014 сардори Раёсати ташкилии фаъолияти иҷрочиёни судии Вазорати адлия ва аз апрели соли 2014 то 22 майи 2015 сардори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлия буд.
Мӯҳр
шахрванд
боз мегуянд, ки модорони чануб рохбар зоида наметавонанд..мархамат чунон мезоянд, ки ба хафт пуштатона бас аст.

Мистер Х
Evtl
Умедчон бехтарин инсонанд.!!!

Умедчон Шуморо бо таъин шудан ба ин вазифаи пурмасъулият табрик менамоям. Ба Шумо тани сихат, бахту саодат ва дар хизмати Ватан барору бурдборихо орзумандам.

Ватандор
Муборак бошад бародари гиромикадр. Ба Шумо дар корхоятон бурдбори ва музафариятхоро таманно дорам.

Ман Рахмонзода Умедчонро аз давраи донишчуияш мешиносам,зеро,ки у донишчуи бо савод ва бенихоят марди хоксор мебошад.Мо хамрох панч сол дар як факултет тахсил намуда будем,аммо намедонистем,ки у писари бародарзодаи Президенти кишварамон мебошад,чунки дар дарсхо фаъолона иштирок намуда,бо дониши худ имтихонхоро бо бахои аксар аъло месупорид,ва вактхои холии худро дар китобхона мегузаронд,ба у дар корхояш бурдборихо хохонам,чунки у яке аз хукукшиносони бехтарини кишварамон мебошад,акаи Умедчон муборак бошад,Худованди бузург Шуморо ва дар симои Шумо ахлу хонаводаатонро дар панохи худ нигох дорад.Э...

видно..что очень грамотный парень..успехов тебе в работе и в семье..прими мои искренние поздравления...

Ман як бор дар кабули Cардори Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлия БО ХАМРОХИИ АКАИ Шуруфчон будем акаи шарафчон кор афтода буд вале намедонистем вай бо Чаноби Оли хешу табор аст ин исботи он аст ки дар Умедчон факад кор кор кор будааст вале нав фахмидам, ки вай хешу табори доштааст бо Президенти кашвар боварам намеояд бехтарин одам будааст. Инсон таъриф нашавад хаминка мешад инсони зимини, инсони бомаърифат, инсони донишманд, инсони бофарханг, инсони боодоб, инсони бо эхтиром, инсони босавод, Раҳмон Умедҷон Нуриддин агар пасари Рахмонов Нуриддин бошад 1000 ташаккур ба акаи Нуриддин, ки чунин писари бо аклу бо заковат дорад баъд гуфтаниям ба раиси ХЧТ, БАРОИ дастгирияшон барои боварияшон ба чунин ЧАВОНХОИ БО АКЛ КИ КОФТА КОФТА МЕЁБАРД Собик раиси пешинаи дастгохи раиси чумхур дар кадоме аз шабакахои интернети дуруст кайд карда будааст ки сол то сол Чаноби Оли хаминхел кадрхои болаёката ёфта кадр мекунад Умедчон МУБОРАК ШАВАД ДАР РУЗИ ЧАВОНОН БЕХТАРИН БО ЧАВОНОНИ ВАТАН ДУСТ БО ШУМО

хамватан
акаи Умедчон муборак бошад ман ифтихор мекунам ки дар чамияти мо чунин марди хоксор хаст ахсан ба волидонатон барои тарбияи чунин фарзанд.

Рохгузар
Муборак Умедччон Худо Шумо ва дар симои Шумо хонадонатонро нигохбон шавад арзандаед ахсан барори кор бародар

Бобочон аз ш. Кулоб
Умедчон муборак шавад.

Исматулло
Бовар дорам, ки Раҳмон Умедҷон Нуриддин вобаста ба таҷрибаи то имрӯз андӯхтааш ва хислатҳои хуби инсониаш аз ӯҳдаи вазифаи ба зиммааш гузошташуда ба хубӣ мебарояд. Ба Шумо барору комёбиҳо хоҳонем!

шахрванд
Умедҷон арзандааст, инро шахсе дарк мекунад, ки ӯро медонад ва мешиносад!

Дар конуни ЧТ ба кор таъин кардани хешовандони
Наздик ба кори давлати таъин карда гайри конуни
Буда ва дар баъзе холатхо чиноят шумурда мешавад!

Ин коментхоро хонда одамро ханда мегирад хаммашро як нафар навистааст лаганбардори басбудагист. Пас конун чимешавад? Хамаи инхо дар приздент ачот меспоранд чиянша чи гуфта метона?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)