Бахшҳо

Ҳабси Фотимаи тоҷикистонӣ барои маблағситонӣ аз маҳбусони доро

Дар доираи парвандаи пурсарусадои қаллобӣ дар боздоштгоҳи рақами 1, - «Матросская тишина»-и Маскав як зани зодаи Тоҷикистон, Фотима Найфонова низ ҳабс карда шудааст.

Тибқи иттилои мақомоти Русия шоми 21-уми май додгоҳи ноҳияи Преоброженски Маскав қарори ҳабси 6 муттаҳам дар қаллобӣ, аз ҷумла сардори шуъбаи фаврии боздоштгоҳи мазкур Михаил Захарови 33-соларо низ содир намудааст, ки аз маҳбусони доро бо роҳи таҳдиду қаллобӣ маблағ меситондаанд.
Ба иттилои тафтишот ташкилкунандаи тарҳи ин қаллобӣ ва маблағситониҳо аз маҳбусони доро маҳз Михаил Захаров мебошад, ки бо ҷалби тобеини худ ва як маҳбус бо номи Элдар Векуа ба боздоштшудагони доро фишор оварда, онҳоро маҷбур мекардааст, ки ба корти бонкии Фотима Найфонова, духтури рентгенолог, ки зодаи Тоҷикистон аст, маблағҳои ҳангуфт гузаронад.

Додгоҳи ноҳияи Преоброженски Маскав зимни эълони қарори ҳабси Фотима, зодаи Тоҷикистон, ки дар Осетия қайди доимӣ дошта, дар яке аз беморхонаҳои Маскав кор мекардааст, изҳор доштааст, ки ин зан бо доираҳои ҷиноӣ робита дорад ва ба ҳамин хотир зимни тафтишоти пешакӣ то моҳи июл дар ҳабс хоҳад буд.

Қаллобии пурсарусадо дар боздоштгоҳи рақами 1-и Маскав баъди он оммавӣ шуд, ки падари яке аз маҳбусони доро, ки бояд 11,5 миллион рубл ба корти бонкии Фотима Нанова мегузаронд, баъди пардохти 1 миллион рубл дигар имкон наёфта, ба мақомоти Русия муроҷиат намудааст.

Феълан бо қарори додгоҳ 6 узви ин гуруҳи муттаҳам дар қаллобӣ, аз ҷумла масъулини боздоштгоҳи рақами 1 ба ҳабс гирифта шуда, тафтиши қазия идома дорад.
Мӯҳр
Эй бародархо, хамин занак мумкин 20 сол пеш аз ТОЧИКИСТОН рафтааст, ба Осетия маълум, ки Осетинка аст. Агар ягон кори хуб мекард хеч вакт аз Точикистон буданашро намегуфтанд. Радиои Озоди ин хел хабархоро дигар аз номи шахрванди Точикистон будани онхо дигар чоп накунед. Вай холо шахрванди РУССИЁ хаст ва тамом....

Хамфикр
Ба Точик:
Фикратонро пурра дастгири мекунам. Ташаккур.

oдил
Озодагон магар шарм нест, ки дидаю дониста Фотимаи точикистони мегуед. Хайр чи дар Точикистон таваллуд шудааст. У шахрванди Точикистон ку нест. Айб аст бародарон. Хайрият, ки Гитлер дар Точикистон таваллуд нашудааст, вагарна намедонам Шумо чи менавиштед.

шора
Шаги наст ки зани точикро дузд каллоб фохиша гуем бас уст модару хохри худро паст задан дигар мавод нест

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)