Бахшҳо

Сорос: Ҷанги сеюми ҷаҳон байни ИМА ва Чину Русия мешавад

Ҷорҷ Сорос, миллиардери таъсиргузор дар сиёсатҳои ИМА эҳтимоли шурӯи Ҷанги сеюми ҷаҳонро тахмин зада, гуфтааст, оғозаш низоъҳо миёни ИМА ва Чин мебошанд. Дар ин бора пойгоҳи Market Watch иттилоъ медиҳад.

Аз нуқтаи назари Сорос, амалӣ шудани чунин як тарҳ имконпазир аст, агар Чин иқтисоди худро ба ниёзҳои дохилӣ равона кунад, на ба содирот. Дар ин сурат ҳукумати Чинро зарурат пеш меояд, низои хориҷиро ба вуҷуд биоварад, то битавонад қудратро нигоҳ дорад.

Ин суханони Соросро расонаҳои русӣ иқтибос карда, аз қавли ӯ гуфтаанд, “Иттиҳоди Аврупо набояд аз ҷанги сарди нав бо Русия битарсад”.

“Агар бархӯрд миёни Чин ва шарикони низомии ИМА, мисли Ҷопон иттифоқ биуфтад, муболиға намешавад, агар бигуйем, ки дар садади ҷанги сеюми ҷаҳон қарор дорем”,- меоварад аз қавли Сорос Market Watch.

Барои раҳоӣ аз ин, ба ИМА зарур аст, ба Чин “гузашти бузург” бикунад: “Имкон бидиҳад, то юан (воҳиди пули Чин) ҷузъе аз сабади арзии Сандуқи байналмилалии пул бигардад. Дар ин сурат, арзи чинӣ метавонад, рақиби ҷиддии доллар гардад”.

Ба иддаои ӯ, Чин дар посух ба ин гузашти ИМА, метавонад гузашт кунад, ки ба ислоҳоти иқтисод марбут аст. Ба назари Сорос, ба Чин ва ИМА бисёр мушкил аст, ки ба тавофуқ бирасанд, зеро барои якдигар рақибони “бисёр нохушоянд”-анд.

“Дар сурати баръакс таҳдиди ҷиддие вуҷуд дорад, ки Чин бо Русия иттиҳоди сиёсиву низомӣ тасис медиҳад ва он замон хатари ҷанги нави ҷаҳонӣ воқеитар мешавад”,- хулоса кардааст Ҷорҷ Сорс.

Ҷорҷ Сорос, сармоядори амрикоӣ, асосгузор ва раиси фондҳои хайриявист, ки борҳо барои ташкил ва маблағгузории тағйири қудрат дар кишварҳои гуногун гунаҳкор дониста шудааст. Расонаҳои русӣ ба ин боваранд, ки бо маблағгузории Сорос аввалин “инқилоби норинҷӣ”-и Укроин дар соли 2004 ва аврумайдони соли 2013 роҳандозӣ шудаанд. Худи Сорос ин нуқтаназарҳоро инкор намекунад, моҳи майи 2014 изҳор дошта буд, “бунёди ӯ то кунун дар ҳаводиса рухдода нақши меҳварӣ дорад”.

Сорос аз ҷониби Русия ва кишварҳои пасошӯравӣ ба сифати як зидирусиягии сарсахт шинохта мешавад. Хабаргузории “Россия сегодня” гуфтааст, “агар суханони Сорос воқеият дошта бошанд, пас Маскав шарики аслии сиёсиву низомии Чин хоҳад шуд”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)