Бахшҳо

Ҳушдори сафир аз ихтилоф барои ҳиҷоб миёни Душанбе, Теҳрон ва Кобул

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, ҳиҷобе, ки дар Тоҷикистон мавриди интиқод қарор гирифтааст, на эронӣ асту на афғонистонӣ.

Фағонӣ, 21-уми май дар мулоқот бо намояндагони расонаҳои эронии муқими Тоҷикистон изҳор доштааст, бархе мехоҳанд, мавзӯи маҳдудияти ҳиҷоб дар Тоҷикистонро ба мояи ихтилоф миёни Душанбе, Кобул ва Теҳрон табдил диҳанд. Сафири Эрон таъкид намудааст, талаққӣ додани ҳиҷоби мавриди интиқод дар Тоҷикистон, ҳамчун “нуфузи ҳиҷоби эронию афғонистонӣ” кори дасти душманоне аст, ки мухолифи наздикшавии форсизабонон ҳастанд.

Ба гуфтаи сафир, ҳиҷобе, ки дар Тоҷикистон зери суол рафтааст, дар расму русуми Эрон низ нест ва он ба кишварҳои дигаре тааллуқ дорад. Хабаргузории "Форс” аз қавли сафир навиштааст, “расонаҳо бояд ҳушёрӣ дошта ва ин хатоҳоро ташхис диҳанд, то дар масири манофеи бегонагон қарор нагиранд”.

Фағонӣ илова намудааст, аз бозтоби ин мавзӯи барои Душанбею Кобул ҳассос дар бархе аз расонаҳои таҳти ҳимояти хориҷӣ дар Афғонистон чунин эҳсос мешавад, ки тақвияти меҳвари форсизабонон боиси нигаронии душманоне дар хориҷи наздик ва дур мебошад ва ин мавзӯъ ҳушёрӣ ва арзёбиҳои дақиқи расонаҳои эронӣ аз шароитро металабад.

Сафири Эрон инчунин таъкид доштааст, дар бархе доираҳои Тоҷикистон фаҳмишҳои нодурусте вуҷуд доранд, ки гӯиё Эрон имрӯз ба масоили исломӣ таваҷҷуҳ дораду арзишҳои миллӣ, аз қабили Наврӯз, Шоҳнома ва ғайраро фаромӯш кардааст: “Замоне ба Тоҷикистон омадам эҳсос кардам, ки дар баъзе аз ҳавзаҳо сӯибардошт вуҷуд дорад. Аз ҷумла дар остонаи Наврӯз шоҳиди интишори як-ду мақола бо ин иддао будем, ки дар Эрон танҳо ба арзишҳои исломӣ тавваҷуҳ шудаву арзишҳои миллие назири Наврӯз, Шоҳномаи Фирдавсӣ ва...фаромӯш шудаанд”.

Барои исботи нодурустии ин иддао Фағонӣ сафари шоҳномахонҳои кӯдаку наврасони эрониро зикр кардааст, ки ду ҳафта қабл дар ҳафтаи Фирдавсӣ ба Тоҷикистон омаданд: “Ин гуруҳ дар марокизи мухталифи омӯзишӣ ва фарҳангии Тоҷикистон барнома иҷро карданд, ки мавриди истиқболи гарми дӯстони тоҷик қарор гирифт. Ҳузури ин гуруҳи шоҳномахон нишон дод, ки эрониҳо ва насли баъд аз инқилоб низ комилан бо Шоҳнома ошноанд”.

Сафири Эрон аз расонаҳои кишвараш дар Тоҷикистон даъват намудааст, барои таҳкими ҳамкории ду кишвар талоши бештаре кунанду барои рушди муносибот саҳмгузор бошанд.
Мӯҳр
"ТЕХРОНИ МАХХУФ" хонеду баъд мефахмед, ки бе ИСЛОМ чи тур чомеа пеш меравад...

Алим
Оқои сафир комилан дуруст тазаккур доданд: "нуфузи ҳиҷоби эронию афғонистонӣ" кори дасти душманоне аст, ки мухолифи наздикшавии форсизабонон ҳастанд.

Масъалаи хичоб дар Точикистони ДУНЯВИ факат метавонад характери сиёси дошта бошад. Аз баски дар Эрон ва Афгонистон кавонини Исломи арзи вучуд доранд, минчумла дар Эрон ки худ як хукумат ва давлати Исломи дорад, таблиг намудани хичоб ва ришу фаши (исломи) дар Точикистони сохибистиклол ва дуняви, мояи нигаронкунанда аст. Бо ин усулхо, давлатхои хамсоя, ба хусус Эрони, доктрина ва гоияи Шияи дувоздахимомии худро дар Точикиситон пахн карданист ва бо шиорхои таммадуни Ачам ва Форсизабон, мехохад Точикистонро низ ба радифи сиёсати Империалистии худ дар минтака чалб намояд.

Зинда бод Мардуми ФОРС!!! =Tajikistan -IRAN- Afghanistan=

Вохид
Боракалло окои сафир хукб дарк кардед худо нигахбони Эрони бузург бод

Точик
Мо точикон аз афгону эрон безорем, безорем аз мафкураи асримиенагии онхо....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)