Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:02

Корхонаи протезҳои Душанбе барои маъюбон беш аз 1 миллион сомонӣ сарф кардааст

7 октябр 2011, 06:49

Корхонаи воҳиди давлатии «Заводҳои протезию ортопедии шаҳри Душанбе»    нақшаи истеҳсолиашро  112 % иҷро кардааст.


Ин муассиса барои  маъюбон  маҳсулоти протезию ортопедӣ, камарбанд, ғуддаи сина, асо, асобағал ба таври фармоиш омода намудааст. Тавре ба хабаргузории “Озодагон” аз  агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати  вазорати меҳнат иттилоъ доданд,  маблағи сарфгардида дар ин самт 1.421.478 сомониро ташкил дод. Гуфтанист, ин корхона бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ ба 105 нафар маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 43 нафар маъюбони артиши Шӯравӣ, 3.436 нафар маъюбони замони туфулият, 190 нафар нобиноён, 5.202 маъюбони касалиҳои умумӣ ва 17 нафар маъюбони меҳнат хизмат расонидааст.

Манбаъ афзуд, тайи нӯҳ моҳи соли равон 2 мутахассиси завод ҷиҳати баланд бардоштани тахассус ба муддати 3 ҳафта ба ҷумҳурии исломии Эрон фиристода шуданд, ки бо сертификати махсус баргашта, дар корхона фаъолияти худро давом дода истодаанд. Барои бо мутахассисони баландихтиссоси протезсозӣ ва ортопедӣ таъмин намудани корхона се нафар довталаб аз озмун гузашта, ҳуқуқи таҳсил дар маркази ортопедии шаҳри Ханойи ҷумҳурии Ветнамро соҳиб гаштанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!