Муаззама Худойназароваи 37 сола аз сӯи кормандони милиса боздошт гардидааст.
Тибқи иттилои ВКД, номбурда рӯзи гузашта дар манзили зисташ, воқеъ дар кӯчаи Ушакови шаҳри Душанбе ба ҷониби духтараш Миҷгона Равшановаи 8-сола кордро ҳаво дода, ӯро захмӣ кардааст. Дастгиршуда иброз доштааст, ки фарзандаш вақтҳои охир ба гапаш гӯш намекард ва ӯ аз сари қаҳру ғазаб ин амалро пиёда кардааст. Алъон Миҷгона дар беморхона бистарӣ гашта, модараш дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.{jathumbnail off}
Мӯҳр