Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 15:39

Марк Гроссман: Террори Бурҳониддин Раббонӣ ба мақсади барҳам задани сулҳ сурат гирифтааст

7 октябр 2011, 10:43

Намояндаи махсус ва ё худ фиристодаи вижаи ИМА дар умури Афғонистон ва Покистон бо президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот дошт.


Марк Гроссман, пас аз мулоқоташ бо райисҷумҳур дар ҳузури хабарнигорон гуфтааст, мо ба Эмомалӣ Раҳмон масъалаи амният дар Афғонистонро баррасӣ кардем. Ман раиси ҷумҳурро дар ҷараёни омодагиҳо барои баргузории ду конфронси муҳими роҷеъ ба Афғонистон, конфронси Истамбул, ки 2-юми ноябр ва конфронси Бонн, ки 5-уми декабр баргузор мешавад, қарор додам. Ҳадафи конфронси Истанбул ҷалби пуштибонии ҳамсояҳо ва кишварҳои аз назари ҷуғрофӣ наздик ба Афғонистон барои таъмини амният ва рушди ин кишвар мебошад. Мақсад аз баргузории ҳамойиши Бонн бошад, ҷустуҷӯ ва пайдо кардани   механизми иҷрои санадҳои конфронси Истанбул хоҳад буд. Ҳарфи муҳиме, ки дар конфронси Бонн садо хоҳад дод, таъсиси роҳи нави абрешим хоҳад буд.

Гуфтанист, ҳадаф  аз роҳи нави абрешим, мусоидат ба тавсеа ва шукуфоии ин минтақа аст. Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон низ афзудааст, ки ин тарҳ метавонад пули робитаро миёни Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ барқарор кунад. Президенти Тоҷикистон хостори ҳар чӣ зудтар амалӣ шудани ин тарҳ шудааст. Марк Гроссман ҳамчунин гуфт, ки меҳвари гуфтугӯ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи паёмадҳои сулҳ дар Афғонистон дар пасманзари шаҳодати Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон будааст. Ӯ бо изҳори андӯҳ аз террори Бурҳониддин Раббонӣ гуфт, ки ҳар касе, ки ба ин амал даст задааст, ҳадафаш барҳам задани сулҳ дар Афғонистон аст, вале мо ва президент ба ин  мувофиқат кардем, ки бо вуҷуди ҳама мушкилот, бояд раванди сулҳ идома пайдо кунад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!