Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:42

Адвокатҳо аснои ҳимоя ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд

7 октябр 2011, 11:09

Дар шаҳри Хуҷанд масоили марбут ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба ашхоси мавриди шиканҷа қарор гирифтаро баррасӣ карданд.


Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар робита ба ин масъулини созмони ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» бо ширкати кормандони мақомоти интизомӣ ва амниятии минтақа, ҳамчунин лигаи занони адвокату масъулини муассисаҳои ислоҳӣ мизи гирд баргузор намуданд.

Унвони ҳамойиши мазкур -«Дастрасии вакили дифоъ ба гумонбаршудагон ва расонидани ёрии ҳукуқӣ ба ашхоси мавриди шиканҷа карор гирифта»-ро дар бар дошт. Бештари вакилони дифоъ, ки дар ин нишаст ширкат доштанд, аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки дар боздоштгоҳҳо ва ҳам дигар сохторҳои тафтишотӣ дастгиршудагон ва гумонбаршудагон мавриди озору шиканҷа қарор мегиранд,  аммо ба далели ба таъхир гузошта шудани асноду ташхисҳои тиббӣ баҳсдодгоҳӣ ба дарозо кашида мешавад.Бархеи дигар аз адвокатҳо зикр намуданд, ки вақте  барои мулоқот дар боздоштгоҳ бо зерҳимояи худ мераванд, ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, аксаран муфаттишон ба ин кор монеъа эҷод мекунанд.Ба гуфти вакилони мудофеъ ин тасмим мухолифи қавонини байналмилалӣ дар амри дифоъ аз ҳуқуқи башар аст.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!