Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 май 2017, 16:19

Тоҷикстандарт: 21 ҳазору 500 кило мева нобуд карда шуд

8 октябр 2011, 05:51

Беш аз 21 тонна мева, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид гардида буд, ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ нест.


Дар ин бора ба «Озодагон» аз агентии Тоҷикстандарт иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, 21 хазору 500 килограм ин миқдор мева аз сӯи ширкати мавсум ба  «Ахтарон» ба суроғаи дидбонгоҳи гумрукии терминали шаҳри Душанбе ворид гаштааст. Масъулини Тоҷикстандарт мегӯянд, санҷиш нишон дод, ки бори мазкур  бо сабаби ҳамлу интиқоли нодуруст вайрон гашта, истеъмоли он барои саломатии одамон хатарнок аст.

- Пас аз ташхис дар озмоишгоҳи ташхисии маҳсулоти хӯроквории агентии Тоҷикстандарт муайян гардид, ки меваҷоти мазкур аз рӯи нишондиҳандаҳои органолептикӣ ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ нест,-афзуд манбаъ. Гуфтанист, молу меваҷоти номбурда аз рӯи ин нишондод бо иштироки комиссияи салоҳиятнок аз мақомотҳои гуногун ва дигар ташкилотҳои дахлдор, мутобиқи натиҷаи протоколи №6299, аз рӯи қоидаҳои муйяннамудаи қонун, маҳсулоти ошкоршуда несту нобуд карда шуд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!