Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 23 май 2017, 15:38

Ушучиёни мамлакат дар шимоли Тоҷикистон сабқат мекунанд

8 октябр 2011, 06:01

Аз 15 то 16 октябри соли ҷорӣ дар толори «Ҷашнӣ»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни ҷавонон ва калонсолон оид ба «Ушу» гузаронида мешавад.


Тавре аз кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд, мусобиқаи мазкур байни ҷавонони 13-15 сола, аз рӯи вазнҳои 40, 44, 48, 53, 56 кило, ва байни ҷавонони 15-17 сола, аз рӯи вазнҳои 50, 55, 60, 65, 75 кило ва байни ҷавонони аз 18 сола боло аз рӯи вазнҳои 55, 60, 65, 70, 75, 80 ва аз 80 кило боло гузаронида мешавад. Ҳайати дастаҳо аз 8 варзишгар, 1 мураббӣ ва довар иборат аст. Иштирокчиён вилояти Суғд (1 ҳайат), вилояти  Хатлон (1 ҳайат), шаҳри Турсунзода (1 ҳайат), шаҳри Душанде (2 ҳайат) ширкат мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, варзишгароне, ки дар вазнҳои алоҳида ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юмро соҳиб мешаванд бо диплом ва медалҳои Федератсияи «Ушу» ва сарпарастон қадрдонӣ карда мешаванд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Май 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!