Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:51

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим дорад муассисаҳои томактабиро бозпас гирад

8 октябр 2011, 06:14

Умриддин Юнусов, корманди масъули дастгоҳи президент мегӯяд, 50 фисади буҷаи     соли оянда ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф нигаронида шудааст, ки ин нишондод 30% нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.


Ҷаноби Юнусов, ки дар як ҳамойиши байналмилалии созмонёфта дар Душанбе сухан мекард, ҳамчунин афзуд:   «Мутаасифона, дар муассисаҳои томактабӣ ҳанӯз ба бархе паҳлӯҳои таълиму тарбия аҳамияти ҷиддӣ дода намешавад, аз ҷумла кам будани теъдоди чунин муассисаҳо, нарасидани мутахассисони касбӣ, норасоии дастурҳои методӣ, китобҳои бачагона, шароити фаъолияти кор ва дигар омилҳое мебошанд, ки ба рушди соҳаи мазкур монеаҳо эҷод кардаанд.

-Ҳукумат аз ин огоҳ аст ва 30-юми сентябри ҳамин сол қарори ҳукумат бо номи «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои   2012-2016» ба имзо расид, гуфт масъули дастгоҳи иҷроияи президент. Умриддин Юнусов ба шарҳу тавзеҳи масъала ишора карда гуфт, яке аз мақсадҳои ин барнома барқарор ва баргардонидани муассисаҳои томактабие мебошад, ки бо сабабҳои гуногун ба хонаҳои истиқоматӣ табдил ёфтаанд. Намояндаи президент илова намуд, ки то соли 1991 дар ҷумҳурӣ қариб 1000 адад марказҳои томактабӣ вуҷуд доштанд, вале бо сар задани ҷанги шаҳрвандӣ то имрӯз аз ин муассисаҳо 488 ададаш фаъолият мекунад, бештар аз 400 -тои онҳо бо сабабҳои гуногун шахсӣ карда шудаанд. Мушкилоте, ки имрӯз дар ҷомеаи мо вуҷуд дорад, на танҳо дар деҳот балки дар марказҳои ноҳия, вилоятҳо ва шаҳрҳо низ таъмини ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст. Бинобар ин мо ҳамкориҳои ҳукуматро бо созмонҳои байналмиллалӣ бисёр иқдоми хуб медонем ва дар оянда онҳоро тақвият мебахшем, дар оянда ният дорем, ки фонди «Каменус» доираи маблағгузориҳои худро зиёд намуда, барои ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта кӯмак кунад.

Зимнан, намояндаи ташкилоти байнулмилалии «Қадам ба қадам»  аз «Бунёди рушди кӯдак»-и ба номи Каменский қайд кард, ки дар Лаҳистон баъд аз соли 1989 қисми зиёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ баста шуданд, вале бо вуҷуди баста шуданашон шахсӣ карда нашуданд. Аксари биноҳои ин марказҳо аз ҷониби ҳокимиятҳои маҳаллӣ барои тиҷорат фурӯхта мешуданд, чунин ҳолатҳое буданд, ки баъазан ин марказҳо ба муассисаҳои шахсии томактабӣ табдил ёфта буданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин ҳамчун хонаи истиқоматӣ аз худ карда нашудаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!