Бахшҳо

Ҳамрохон Зарифӣ дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ озими Қатар шуд

Ҳайати ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи 10-уми шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви муколамаи ҳамкории Осиё ба Қувайт парвоз кард.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКХ иттилоъ доданд, нишасти мазкур рӯзҳои 10-ум ва 11-уми октябр дар ин кишвар ҷараён мегирад.Манбаъ ҳамчунин афзуд, ҷаласаи 11-ум ШВКХ-и муколамаи ҳамкории Осиё соли 2012 дар шаҳри Душанбе сурат хоҳад гирифт.

Гуфтанист, муколамаи ҳамкории Осиё моҳи июни соли 2002 бо ташаббуси Тайланд оғоз ёфт, ки дар чаҳорчӯби он 1-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиё баргузор гардид. Он аз ҷониби 18 кишвари осиёӣ таъсис дода шуда, дар ҳоли ҳозир аз 31 кишвари узв иборат аст. Муколамаи ҳамкории Осиё форуми аввалини умумиосиёии хос мебошад, ки мақсади он муҳокимаи масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, биотехнология, сайёҳӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, рушди технологияҳои иттилоотӣ, ҳамкории молиявӣ ва ғайра; пешбурди вобастагии мутақобила миёни кишварҳои Осиё дар тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ; тавсеаи бозори тиҷоративу молиявӣ дар Осиё; таҳкими иродаи сиёсии ҳукуматҳои осиёӣ дар арсаи байналмилалӣ; дарёфти роҳҳои тақвияти ҳамбастагии кишварҳои Осиё ва имкониятҳо барои таҳияи усулҳои муштарак дар ҳалли масъалаҳои мухталиф; муттаҳидсозии иқтидорҳои кишварҳои Осиё ва густариши рақобати иқтисодии қитъаи Осиё дар бозори ҷаҳонӣ тавассути афзоиши максималии танаввӯъ ва бойигарии захираҳои он мебошанд.

Маврид ба тазаккур аст, ки Тоҷикистон ба муколамаи ҳамкории Осиё 5 июни соли 2006 ҳамроҳ шуд.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)