Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:15

Намояндагони палатаи болоии парлумони ҶТ аз заводи «МАЗ»-и Беларус дидан карданд

10 октябр 2011, 04:29

Як гурӯҳ аз аъзоёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ ба ҷумҳурии Беларус сафари дӯстона анҷом доданд.


Тибқи иттилои расида, боздиди мазкур рӯзҳои 5-8-уми октябр сурат гирифта, сарварии ҳайати парлумонии Тоҷикистонро раиси Комиссияи палатаи болоии парлумони мамлакат, роҳбари гурӯҳи дӯстӣ Сайдулло Хайруллоев ба зимма дошт.

Дар асоси барномаи боздид рӯзи 6 октябр дар шаҳри Минск мулоқоти гурӯҳи дӯстӣ бо раиси Шӯрои ҷумҳурии Маҷлиси миллии Беларус Анатолий   Рубинов, раиси Комиссияи доимии Шӯрои ҷумҳурии Маҷлиси миллӣ Нина Мазай, роҳбари гурӯҳи кории Маҷлиси миллии ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ бо   Тоҷикистон, муовини раиси Комиссияи палатаи намояндагони Маҷлиси Олӣ Александр Висотский ва аъзои ин гурӯҳи корӣ доир гардид.Зимни ҳамаи ин нишастҳо сафири ҶТ дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов низ иштирок намуд.
Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ самтҳои ҳамкориҳои минбаъдаи байнипарламентӣ ва роҳҳои амалисозии нақшаҳои ҳамкории ояндаро муҳокима намуданд.Соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, робитаҳои фарҳангӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, тандурустӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки муносибатҳои минбаъдаи дуҷониба арзёбӣ гардиданд.
Дар рафти боздид гурӯҳи дӯстӣ бо фаъолияти корхонаҳои калонтарини Беларус – «Белкоммунмаш» ва заводи автомобили Беларус «МАЗ», инчунин ҷойҳои таърихии Беларус шинос шуданд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!