Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 07:50

Суғд: Сокини шаҳри Хуҷанд дар озодӣ ҳамагӣ 50 рӯз тоқат кард

10 октябр 2011, 10:34

Як сокини шаҳри Ҳуҷанд дар  назди бинои «Казкомерсбонк», воқеъ дар кӯчаи  Ленин мавриди ғоратгарӣ қарор гифтааст.


Тавре ба «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, дар ин бора аризаи Содиқоваи   19 сола,  сокини   ноҳияи Б. Ғафуров ворид гардидааст. Ба гуфтаи номбаршуда, рӯзи 8-уми октябри соли равон, соати 17:00 дар назди бинои бонки қазоқӣ, шахси номаълум  аз гарданаш гарданбанди тиллоӣ, ки арзишаш 2400 сомониро дар бар мегирифт, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зимни гузарониидани чораҳои фаврӣ -ҷустуҷӯӣ  шаҳрванд  Фозил Ҳомидови 33 -сола, сокини  кӯчаи  Бинокор, хонаи 1/6 боздошт гардид.

Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда соли 2008 бо моддаи  248 қ.2 кодекси ҷиноии Тоҷикистон  суд шуда,  дар асоси қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи афв, аз санаи 20-уми августи соли равон ба озодӣ баромада буд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!