Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:43

Садамаи нақлиётӣ дар кӯчаи Айнӣ бойиси марги ноболиғи 7-сола гардид

10 октябр 2011, 12:00

Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар Душанбе хонандаи синфи 1 ҷони худро аз даст дод.


Тавре аз раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, рӯзи гузашта дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хондай старекс» Нурулло Собирови 23- сола аснои ҳаракат бо суръати баланд, ба кӯчаи Айнӣ, аз самти кӯчаи Зебунисо ба ҷониби кӯчаи Мирзобек дар рӯ ба рӯи хонаи истиқоматии 108 аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел -Астра», таҳти идораи Абдусамад Саидови 64 сола, ки ба як самт ҳаракат мекарданд, бармехӯрад. Баъдан, ба самти муқобил баромада, ба сабукрави тамғаи «Опел Астра», ки таҳти идораи Раҳмоналӣ Мусофирови 41- сола ҳаракат мекард бармехурад. Дар натиҷа мусофирони дохили «Опел Астра» ноболиғи 7 сола Қурбонгули Раҳмоналӣ, сахт захм бардошта, дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат мерасад  ва ноболиғи 10 сола Рисолати Раҳмоналӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол дода мешавад.

Ба иттиллои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 9 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 1 нафар ба ҳалокат расида, 10 тани дигар маҷрӯҳ гардидаанд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!