Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:28

15 %-и духтарон дар Тоҷикистон таҳсилоти ҳамагониро ба поён намерасонанд

11 октябр 2011, 03:26

Дар Тоҷикистон маъракаи вижаи ташвиқотӣ барои ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеъа ба аҳамияти таҳсили духтарон дар макотиби мутавассита оғоз гардид.


Аз ин рӯ чорабинии мазкур дар саросари кишвар шурӯъ шуда то авохири моҳи равон идома меёбад. Дар нишасте ба муносибати муаррифии ин тарҳ Ирина Каримова, масъули вазорати маъорифи Тоҷикистон суханронӣ кард ва зарурати ин тадбирро, ки барои нахустин бор дар Тоҷикистон доир мешавад барои ҳозирин шарҳ дод. Ӯ гуфт: “Дар чорчӯби ин барнома баннеру таблуҳои таблиғонтӣ ва китобчаҳо, ки мӯҳтавои аслии он аз зарурати таҳсил барои духтарон аст, ба мардум фаҳмонида  мешавад. Ҳамчунин мулоқоти занони муваффақи Тоҷикистон бо волидон ва духтарони манотиқи мухталифи ин кишвар дар назар аст. Лайлӣ Муоширӣ, раиси намояндагии UNICEF ё Сандуқи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мегӯяд, ки он ҷомеаъе, ки табъиз ба духтарон дар арсаи омӯзишу парвариш вуҷуд дорад, ҷомеъаи ақибафтода хоҳад буд. Бону Муоширӣ афзуд, мо мушахассан бо ин барномае, ки имрӯз роҳандозӣ мешавад бо вазорат ҳамкорӣ дорем, зеро мехоҳем аз аҳдофи масъулони он барои дастёбӣ ба баробарии таҳсилот барои писарону духтарон ҳимоят кунем

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, ки ҳам дар ин маҳфил ширкат дошт, иброз кард, ки мушкилоти иқтисодӣ дар заминаи канор мондани духтарон аз таҳсил дар Тоҷикистон матраҳ набуда ва масъалаи аз мактаб берун нигаҳ доштани духтарон бештар ҷанбаи хурофотӣ дорад. Раҳмонов бо ишора ба таҳсили баъдии духтарон гуфт, тибқи иттилои расмӣ 15 дарсади духтарони синни мактабӣ таҳсилоти ҳамагониро то поён намерасонанд. Ба гуфти вай барномаи ҷадид барои ҷалби духтарон ба таҳсилот амри муҳим аст  ва ВАО дар ин кор метавонад нақши аслиро бозад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!