Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:00

100 автобуси дигар барои сокинони пойтахт

17 май 2011, 12:18

Комиссияи тендерии ҳукумати шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузории тендер» оид ба хариди 100 адад автобусҳо  тасмим гирифтааст.

Тибқи иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии ҳукумати пойтахт, ин нақлиёт  барои корхонаҳои коммуналии шаҳр ва  баҳри беҳбудбахшии хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайрҳои шаҳрӣ нигаронида мешаванд. Хоҳишмандон метавонанд, дархостҳои худро ҷиҳати иштирок дар тендери мазкур бо нишонии шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи дастгоҳи райиси шаҳри Душанбе то шашуми июн ирсол кунанд. Зимнан, чунин санадҳо бояд ирсол карда шаванд:

-Оинномаи корхона;

-иҷозатнома (литцензия) барои иҷрои корҳои хариду фурўш;

-кафолати таъмини пешниҳоди тендерӣ (кафолати бонкӣ);

-гувоҳномаи нозироти андоз;

-гувоҳномаи Фонди ҳифзи иҷтимоӣ;

-маълумотнома оид ба таъмини корхонаю муассисаҳо бо нақлиёти мусофиркаши истифодаи умум дар 2-3 соли охир;

-номгўи корҳо бо назардошти ҳаҷми он дар доираи маблағи ҷудошуда;

-пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!