Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 15:12

Қиссаи оби Душанбе

11 октябр 2011, 03:46

Мадина аз мақоли русии «бадбахтӣ танҳо намеояд» ёд овард, ки ба гуфтаи вай ба ҳолати кунунӣ мувофиқ аст. Дар ҳар сурат ӯ шукр мекунад, ки ҳоло барои нафас кашидан аз мардум маблағ талаб намекунанд…

Арзиши истифодаи обро барои сокинони Душанбе ҳудуди 50 дарсад боло бурданд. Ин дар ҳолест, ки беш аз 60 фойизи захираи оби ширини Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон мавҷуд аст.Мадина, як сокини иҷоранишини пойтахт мегӯяд, дар панҷ соли охир ёд надорад, ки дар манзили зисти онҳо об ба таври доимӣ бошад. Дар ҳоле, ки ӯ дар ин муддат се манзили иҷораро иваз намудааст. Ӯ меафзояд: «Хонаи иҷораам дар кадом кунҷу канори пойтахт нест, он ба марказ наздик аст, гузашта аз ин дар ошёнаи сеюм ба сар мебарам». Хабари гарон шудани арзиши обро Мадина аз рӯзномаҳо хондааст ва мегӯяд, бо вуҷуди шароити вазнини зиндагӣ ба ҷуз аз пардохти он илоҷи дигаре ҳам нест. Ба монанди Мадина даҳҳо сокини Душанберо хабари қиммат шудани арзиши истифодаи об нороҳат кардааст…


Дастрасӣ ба об барои бархе сокинони биноҳои бисёрқабата солҳост, ки ба мушкили умдае табдил шудааст. Онҳое, ки имкон доранд, аз тариқи пойгоҳи обкашӣ (насос) барои худ об мекашанд, қисме барои об дари ҳамсояҳои ошёнаҳои поёнашонро мекӯбанд. Ба регу сангрезаву риштаву ҳазору як майда чуйдаи дигар, ки аз чумакҳои об мерезад, мардум аллакай одат кардаанд. Оби гармро бошад, дар аксари биноҳои баландошёнаи Душанбе ҳатто хоб ҳам намебинед, агар обгармкунак (термекс) дошта бошед, гапи дигар аст.


То 15-ум ва баъди он


Баъди ҳамагӣ чанд рӯзи дигар (аз 15-уми октябр) сокинони пойтахт тибқи нархномаи нав маблағи истифодаи обро Қиссаи оби Душанбепардохт хоҳанд кард. Дар асоси муқаррароти хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон шурӯъ аз 15-уми октябр дар шаҳри Душанбе нархи пардохти оби нӯшокӣ ва оби ихроҷӣ боло меравад. Мувофиқи нархномаи нав аз санаи зикршуда, ҳар сокини пойтахт моҳе 3 сомониву 50 дирам барои истифодаи оби номаълум месупорад. Бояд тазаккур дод, ки ҳоло арзиши истифодаи об 2,47 сомонӣ аст. Ҳамин тариқ корхонаҳои буҷавӣ 1,4 (ҳоло 0,71 сомонӣ), корхонаҳои ғайрибуҷавӣ 2,71 (1,68), ва ташкилотҳои байналмилалию сафоратхонаҳо 2,3 (1,5) сомонӣ пардохт мекунанд.


Хадамоти зидиинҳисорӣ гуфтааст, тасмими боло бурдани ҳаққи истифодаи об дар пойтахти кишвар дар асоси пешниҳоди КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» роҳандозӣ шудааст. Баҳонаи аслӣ барои ин ниҳод қиммат шудани нархи нерӯи барқ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва поксозии оби нӯшокӣ, сӯзишвории нафтӣ ва баргардонидани қарзи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба татбиқи Лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе аст. Бо эҳтимоли зиёд ин нуқтаи охирин нест. Баъди чанд вақт, шояд ним сол ва ё як сол пас ҳатман бо судури муқаррароти дигар боз арзиши истифодаи обро боло мебаранд, зеро боз ҳам маводи сӯзишворӣ қиммат мешавад, арзиши таҷҳизоти поксозӣ боло меравад ва ғайраву ҳоказо. Аммо метарсам, ки вазъи хизматрасонии КВД «Обу корезии Душанбе», ки бо номи «Водоканал» маъмул аст, ҳамчунон бетағйир боқӣ мемонад. Дар панҷ соли ахир ин ниҳод тақрибан коре накардааст, ки дар хотири як сокини муваққатии Душанбе боқӣ монда бошад. Фикр мекунам дар ин ҷода мо танҳо нестем…


Боло ба боло, яъне то куҷо?


Қиссаи оби ДушанбеҚиммат шудани арзиши хизматрасонии обро соҳибназарон боз як қадам сӯи дар феҳрасти пойтахтҳои гарон ҷой гирифтани Душанбе маънидод мекунанд. Ҳамчунин, ба назари онҳо ин тасмим боз зарбаи дигаре ба ҷайби бепули сокинони пойтахт аст. Чанде пештар аҳолии Душанбе зарбаҳои сахттареро эҳсос карданд, ки болоравии арзиши об болои сӯхта намакобро мемонад. Боло рафтани арзиши нерӯи барқ (агар дар соли 2006 нархи фурӯши як киловатт барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ 0,42 сент буд, ин нишондод соли 2010 ба 2,04 сент баробар шуд), ахиран гаронии қиммати сӯзишворӣ ва дар ин баробар афзудани роҳкирои нақлиёти мусофиркашонӣ. Ҳоло дар бархе хатсайрҳо арзиши роҳкиро дар қиёс ба моҳи июн то 100-150 дарсад гарон шудааст. Дар ин миён шаҳрдорӣ роҳкирои троллейбусҳоро низ гарон кард. Акнун навбати об.


Қиммати иҷора ва харидани манзилро дар пойтахт аллакай пайгирӣ кардан душвор аст, зеро пайваста тағйир мехӯрад ва ҳамеша боло ба болост....


Воқеан, Мадина ҳам, ки ин навишторро аз дарди дили ӯ оғоз кардем, мегӯяд,  соҳиби манзиле, ки он ҷо иҷора мешинад, ба ӯ гуфтааст, ки аз моҳи оянда, яъне ноябр иҷорапулиро 10 доллари (48 сомонӣ) дигар гарон мекунад. Мадина аз мақоли русии «бадбахтӣ танҳо намеояд» ёд овард, ки ба гуфтаи вай ба ҳолати кунунӣ мувофиқ аст. Дар ҳар сурат ӯ шукр мекунад, ки ҳоло барои нафас кашидан аз мардум маблағ талаб намекунанд. Худо ба он рӯз нарасонад, чӣ гуфтед?{jathumbnail off}


Абдулазизи Восеъ



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!