Бахшҳо
23 июн 2015 11:15Тоҷикистон / Сиёсат / Акс

АКС: Гулмурод Ҳалимов кушта не, маҷруҳ шудааст

Наздикони Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи “ОМОН”-и Тоҷикистон мегӯянд, хабари кушта шудани ӯро нагирифтаанд. Ба иттилои онҳо, ин хабарро мақомоти тоҷик низ тасдиқ накардаанд ва аз шарикони Гулмурод ҳам дар ин бора хабаре нарасидааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки зери номҳои мустаор аз созмони террористии “Давлати исломӣ” ҳимоят мекунанд, хабари кушта шудани Гулмурод Ҳалимовро рад карда, навиштаанд, ӯ дар пайи як амалиёт танҳо аз пояш ҷароҳат бардоштааст. Онҳо инчунин аксҳои Гулмурод Ҳалимовро нашр кардаанд, ки бо сару пойи докапеч бистарӣ мебошад.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, феълан иттилои дақиқе дар мавриди вазъи Гулмурод Ҳалимовро надоранд ва хабарҳо дар мавриди маргу маҷруҳшавияшро таҳқиқ хоҳанд кард.

Сомонаи хабарии “Арабӣ пресс”-и Лубнон аз ҳалокати Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон хабар дод, ки ду моҳи қабл ба созмони террористии “Давлати исломӣ” пайваст.

Сомона бо такя ба манобеи маҳаллиии худ иттилоъ додааст, Гулмурод Ҳалимов якҷо бо фармондеҳи дигари “ДИИШ” -- Абу Умар Чеченистонӣ рӯзи ҷумъаи гузашта дар шаҳри Муҳассан мавриди ҳамлаи ҳавоии артиши Сурия қарор гирифтааст: “Дар пайи зарбаи мушакии артиши Сурия биное, ки он ҷо бо иштироки Ҳалимов ва Чеченистонӣ ҷаласа ҷараён дошт, хароб шуд. Ҳалимов дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, дуюмӣ ҷароҳати вазнин бардоштааст”.

Ба иттилои манбаъ, Ҳалимов бо Чеченистонӣ ду корвони бузури техникаи ҳарбиро аз Ироқ интизор буданд ва ният доштанд, баъди гирифтани яроқ пойгоҳи ҳарбӣ-ҳавоии минтақаи Дейр-аз Зуриро мавриди ҳамла қарор диҳанд, “аммо соати 11-и шаб дар пайи зарбаи ракета биное, ки дар он ҷо ҷаласа баргузор гардидааст, хароб гашт”.

Ба иттилои манбаъ, субҳи шанбеи гузашта ду корвони мошин, яке бо ҷасади Ҳалимов ба тарафи Ироқ ва дигаре бо Чеченистонӣ маҷруҳ ба тарафи Раққа ҳаракат карданд: “Дар пайи ҳамла дар шаҳри Муҳассан амалиёти густурдаи ҷангиёни ДИИШ оғоз шуда, дар шаҳри Раққа, беморхонае, ки дар он Чеченистонӣ табобат мегирад, таҳти муҳофизати шадид қарор гирифтааст”.

Гулмурод Ҳалимов, ки 27-уми май пас аз як моҳи бедарак шуданаш тариқи навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба ДИИШ иттилоъ дод, феълан бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон мавриди кофтукоби байналмилалӣ қарор гирифтааст. Ба иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон, ин ниҳод бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат), 187 қисми 2 (иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ) ва 401 (иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо) алайҳи Ҳалимов парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Манбаъ меафзояд, инчунин нисбат ба Ҳалимов бо иҷозаи додгоҳ “чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс ба таври ғоибона” татбиқ гардида, ҳоло исми ӯ дар кофтукови байналмилалӣ қарор дорад.


АКС: Гулмурод Ҳалимов кушта не, маҷруҳ шудааст

АКС: Гулмурод Ҳалимов кушта не, маҷруҳ шудааст
Мӯҳр
ростгу
Худо рахматаш кунад , бисёр чавони богайрат буд. Мо дар хаки ин чавони хакчу дуо хохем кард.

дима
Собаке собаче смерт

торихнигар
собачья смерть

Бехуда нагуфтаанд..он чо, ки намак хурди намакдон нашикан ё чохкан дар зери чох

саид
Одаме .ки хиенат ба ватан миллат падару модар ва зану фарзандаш мекунад
иншоолох мемурад

точик
Калтаки Худо садо надорад,
Вакте бизанад даво надорад.

Ин Худобехабари шайтон зану фарзандакоша партофт, хонаи ободша вайрон кард. Парвардигор ин шайтони лаъина рост ба дузах барад, омин.

Худованд аз муроду максади ин одамсират безор будааст...

фируза
Дар Сурия дар чанг кондиционер нест буй мегирад биёбон пури буи хиёнаткор мешавад. ( ДАСТИ МО, КИ НАРАСИД ДАСТИ ХУДО МЕРАСАД!)

Бародар
Чохкан зери чох, Дар мазораш на дуо на садое, аз ин дида барои пайвандон азобу укубату доге вазнинтар нест, номард мурду хамаро сархам кард ин барои кутохандешон дарс, баъзе худобехабархои худро зур мегуфтаги окибаташон хамин, хамин шабу руз дар руи замин КИ аз зиндагиаш рози, нокасонро тарбия кардан шикасти давлат аст, калонхои ВАЗОРАТХО ХУЛОСА БОЯД БАРОВАРД ХЕШУ ТАБОРЧИГИ ШАХСОНИ НОЛОИКРО АЗ ШАХСОНИ БАОРУ НОМУС БОЛО НАГУЗОРЕД ШУМО НИЗ САБАБГОРИ НОРОЗИГИИ ШАХСОНИ ВАТАНДУСТЕД БА КАДРИ ОДАМ НАМЕРАСЕД АЗ РУИ МАХАЛ БАХО МЕДИХЕД ХАМАИ МАХАЛХОИ ТОЧИК НОКАС ДОРАНД ЛЕКИН БИСЁР НОКАСОНИ БАЪЗЕ МАХАЛХОРО БА САРИ ШАХСОНИ ВАТАНПАРВАР РОХБАР КАРДАЕД КОРАШОН ФАКАТ ЧАМЪКУНИ БА ЯК КАФАН МЕРАВАНД ЗАНОШОН БО ДИГАРОН МЕХУРАНД ХУДО НАКУНАДШОН КАЙ ТИФОК МЕШАВЕМ НЕСТ БОД ИН ХЕЛ ВАТАНФУРУШОН МИСЛИ ГУЛМУРОД ХАЛИМОВ

куруш
шумо бетарафед мухтарам журналитон чаро каментариаи маро намегузоред ман медонам хамин озодагон чоплуси эрон аст барои хамон каментарияи маро ки 4 мисраъ шеър дар бораи халимов аст намемонед

Аз мурдани ман душмани ман шод машав, На дусти ман монаду на душмани ман. Касе буд набуд инсон буд точик буд точикистони буд. Худо рахмату магфират кунад... Хеч кас намедонад ки ки гуна мемирад- харом ё халол, боимон ё беимон. Барои хамин аз марги бандаи муъмин шоди накунед ва гапхои бемаьни нагуед.

куруш
марги хоини миллат бахори мнхан бод
марги хоини миллат карори механ бод
марги хоини миллат заволи шайтон аст
марги хоини миллат барори миллат бод

Барои ин Ватан мурдан намехохам гуфт. Пас саволи матрах ин аст: Барои кадом Ватан мурд?

Гулмурод
дима,

Этот герой если погиб, то стал шахидом. А ты свиня русская обязательно умрёш, как свиня без веры и душы(как сам ты уже сказал)

усмон
ХУДОВАНД хама бандагонашро нигох дорад озодагон авалонки тасдик кунед хабареки чоп мекунед гулмурод танхо дар пояш тир хурдааст халос саломатияш хуб аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)