Бахшҳо
11 окт 2011 06:15Гузориш

Мошинбозори Душанбе ё «ҳавлӣ-таваққуфгоҳҳо»-и Балъамӣ

Сохторҳои марбутаи шаҳрсозӣ барои кўчонидани бозори нақлиёт супориш гирифтаанд, то ин бозорро ба ҷои дигар бикўчонанд.  Аз ин сабаб, дар муддати наздик бозор ба макони дигар нақли ҷой мекунад ва таъмираш ҳам ба ин омил мутаваққиф гаштааст…


Иттифоқе афтод ва бо гурӯҳе аз дӯстон аз мошинбозори Душанбе як сари қадам дидан кардем. Аснои наздик шудан ба ин макон хостем аз тариқи кӯчаи Балъамӣ ба фурӯшгоҳи нақлиёт ворид шавем.Тибқи одати маъмулӣ, ду канори  роҳро мошинҳои гуногунтамға банд карда, равуои роҳати нақлиётро барҳам зада буданд, ҳатто агар ду мошин аз ду самти муқобил дар як вақт ҳаракат карданӣ бошанд, мушкилӣ ба миён меомад. Саргарангу ҳайрон ин сӯ он сӯ назар карда, барои мошинамон ҷои қулай мекофтем. Хуллас, ҷой ҳам пайдо шуд, ҳамроҳам мошинро ба ҳавличаи хурдакак, ки дарвозааш кушода буд, ворид кард. Духтари тақрибан 12-13 сола, ки дар пушти миз менишаст, ба ҷамъоварии маблағ машғул буд. Ба гуфташ барои нигаҳбонӣ ва нигаҳдории мошин аз ҳар соҳиби нақлиёт 2 сомонӣ ҳақ мегирифтааст.Тааҷубам зиёда мешуд, ки чӣ бойис гардидааст, ки ин хонавода ва дигарон низ манзили маскунии худро ба таваққуфгоҳи нақлиётӣ табдил додаанд? Чаро ки масоҳати замини наздиҳавлигии онҳо ба 1 ва ё аз он зиёд ба 2 садяк баробар асту бас. Худашон-ку дар ин ҷо озодона ҳаракат карда наметавонанд…

Бенизомӣ ва ба таври стихиявӣ амал кардани бозори мазкур ҳукумати пойтахтро маҷбур кард, ки тарзи нави фаъолиятро дар ин ҷо ба роҳ монад. Як сол қабл аз ин барои фурӯши ҳар навъи мошин рӯзи муайян интихоб карданд ва нақшаи нави тиҷорати воситаҳои нақлиётро низ дар гӯшаву канори бозор овезон карданд, аммо ба назари ман ин иқдом ҳам суботу низомро дар бозор ба вуҷуд наовард. Мошинро дар «ҳавлӣ-таваққуфгоҳ» гузошта ба сўи бозор ҳаракат намудем, садои гӯшхароши сигнали мошинҳо аз чор тараф баланд мешавад, доду фиғон ба авҷи аъло мерасад, мошинҳо қариб ба ҳамдигар расида мегузаранд. Онҳое, ки нақлиёташонро дар канори роҳ гузоштаанд, аз рақами давлатӣ маҳрум мешаванд, кормандони БДА ба кушода гирифтани онҳо машғуланд. Тайи муддати начандон тӯлонӣ, ки дар бозор будем, шоҳиди ҷангу ҷанҷол ва хархашаи шаҳрвандон гаштем, ки нақли манзараи яке аз онҳо аз манфиат холӣ нест: Дар даромадгоҳи бозор ду кас бо якдигар пасту баланд ҳарф зада, даст ба гиребон шуданд, занозанӣ ҳам шурӯъ шуд. Наздиктар рафта фаҳмидем, ки ҷанҷол барои ҷой будааст, хайрият милисаҳо омаданду низоъ хомӯш шуд.

«Тирсангҳо»-и бозори Гипрозем

Ҷойе, ки барои фурӯши мошинҳо муайян шудааст, аз оддитарин шароити муосири шаҳру шаҳрдорӣ маҳрум аст. Гарду чанг ба осмон хеста, аз замини санглохи солҳо бекорхобида ҳеч тафовуте надорад. Сангҳои ба мисли себ ё аз он калонтару хурдтар ба пой  бармехўранд, роҳ гаштан дақиқа ба дақиқа душвор мешавад. Дар ҳолати ҳаракат аз зери чархи мошинҳо бошад, сангҳо тирвор мепаранд. Худо накунад, ки ба шишаи мошин ва ё ба сари нафаре он тирсанг бархурад, тамом. Болотар аз ин ҷуйҳои хурду калоне дар бозор ҷорианд, бинанда гумон мекунад, ки замини киштро нав об бастаанд. Охир, мувофиқ ба талаботи санитарӣ ва беҳдоштӣ мебойист, ки он саҳнаи вайронаро мумпӯш мекарданду ҷойҳои валангорро таъмиру тармим. Шояд камбуду норасоии маблағ сабаб гашта, ки масъулин то ин вақт бозорро ба ҳоли худ гузоштаанд?

Як тоҷири мошинбозор, ки худро Бахтиёр муаррифӣ кард, мегӯяд: «Барои ворид кардани як мошин ба бозор 7-сомонӣ маблағ месупорем, дар чор рӯз ин маблағ барои як мошин ба 28 сомонӣ баробар мешавад. Ба тахмини ман, дар як рӯз то 1000 мошин ба бозор дохил мегардад ва маблағи тахминии ҷамъшуда дар 4 рӯз на камтар аз 28.000 сомонист». Оё имкон надорад, ки аз ҳисоби 50 %-и ин маблағи ба дастомада макони мошинҳоро камее ҳам бошад, таъмир намоянд?

Абдулкарим ном шаҳрванд, ки ба тамошои мошинҳо банд буд, ба сӯхбати мо ҳамроҳ шуда гуфт, ки чанд вақт пеш ман ҳам мошинфурӯш будам, ба назари ман раҳбарияти бозор ин ҷоро асфалтпӯш карданӣ нест, зеро харҷаш зиёду фоидааш кам мешавад. Аз ў суол кардам, ки барои чӣ фоида набудааст? Ҷавоб дод, ки масъулини бозорро тез-тез иваз мекунанд, аз ин рӯ онҳо ба таъмиру тармими бозор ҳавасманд нестанд.

Оё имкон надорад, ки дар паҳлўи бозор мувофиқ ба талаботи муосир, ки дар аксари кишварҳо роиҷ аст, таваққуфгоҳи замонавӣ созанд, роҳу гардишҳоро таъмир кунанд ва сатҳи хизматрасониро боло бубаранд.Дар ҳақиқат таваққуфгоҳе дар қисмати дигари бозор ба истифода дода шудааст, аммо он хеле хурду назарногир буда, дар дохили он ками дар кам мошинҳо ба назар мерасид, шояд аз сабаби хурдиаш бошад, ё аз рўи гаронии муздаш  бошад, ё ба хотири чизи дигар барои манн ҳамчун муаммо боқӣ монд…

Мутахассисон иброз медоранд, ки бозори мазкур (мошинбозори Гипрозем) зертобеи корхонаи воҳиди давлатии бозори «Деҳқон» мебошад ва аз ҳама ҷанба ба талабот ҷавобгў нест. Чӣ аз ҷиҳати макон ва чӣ аз паҳлӯи беҳдоштӣ. Вазъи ошхона ва ҷойҳои таомхӯрии бозор ҳам ҳолати начандон хуб доранд. Бархе аз шаҳрвандон барои пайдо кардани чанд сомонии иловагӣ мизи хурде дуруст карда, оши тупа, хот-дог ва гамбургеру чизбургерҳо мефурӯшанд. Кӣ медонад, ки онҳо дар кадом шароит тайёр шудаанд ва мӯхлати нигаҳдориву истеъмолашон чӣ қадар аст.

Сафаров: Ин бозор ҳам мекӯчад

Сайидвалӣ Сафаров, муовини райиси шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо хабаргузории «Озодагон» гуфт, сабаби аслии таъмиру тармим нашудани бозор то ин замон ин аст, ки мутобиқ ба нақшаи генералии шаҳри Душанбе сохторҳои сарраёсати меъмории шаҳрсозӣ барои кўчонидани бозори нақлиёт супориш гирифтаанд, то бозорро ба ҷои дигар бикўчонанд. Аз ин сабаб, дар муддати наздик бозор ба макони дигар нақли ҷо мекунад ва таъмираш ҳам ба ин сабаб мутаваққиф гаштааст.Номбурда афзуд, замоне, ки бозор ба макони дигар кўчонида шавад, албатта сохтмони он мувофиқи лойиҳаи нав сурат гирифта, ба талаботҳо ҷавобгў ва ҳаматарафа таъмин хоҳад шуд.

Ростӣ, ки ба бозори «Мошинбозор» рафтани мо беҳадафу бемақсад ҳам набуд. Мақсад танҳо мушоҳидаи замини санглохи бозор ва беназмиҳои он набуда, вазъи нақлиёти воридшавандаро низ мушоҳида доштем. Манзараи мошинҳои рангоранг, наву кўҳна, хурду калон, тамғаҳои гуногун,  хулоса ҳар навъ мошини дилхоҳи харидор пеши чашмонамон ҷилвагар буданд. Ба назари ман, 99 дарсади онҳоро мошинҳои аз истифода берун, ё ба қавле фарсуда ташкил медиҳанд. Он мошинҳое, ки дар асари садама ё ғарқшавиву зери об мондан дар Аврупо корношоям шудаанд, тӯда-тӯда ба Тоҷикистон ворид мешаванд. Сабаб дар чист, ки имрўз чунин мошинҳо ба давлатҳои дигари дунё не, маҳз дари Тоҷикистонро мекӯбанд?

Сайидвалӣ Сафаров, муовини райиси шаҳри Душанбе мегӯяд, яке аз сабабҳои вуруди нақлиёти солрафта ба ҷумҳурии мо ин ин аст, ки ҳар давлат қонуни худро дорад аз он ҷумла қонун дар бораи гумрук. Бинобар ин, мувофиқи қарори ҳукумати ҶТ воридшавии ҳама  навъҳои нақлиёт муайян шудааст. Аз ҷумла мошинҳои кўҳнае, ки имрўз ба ҶТ ворид карда мешаванд, зимнан соҳибкорон озоданд, то ҳар навъи аз ин мошинҳоро, ки талабгоронашон зиёд аст ба ҷумҳурӣ ворид бисозанд ва ба ин ҳеч кас ва ҳеч ниҳоде монеа шуда наметавонад, зеро қонун ба ин кор иҷоза додааст. Ҳамсӯҳбатам афзуд, сатҳи иқтисодии ҷумҳурии мо на он қадар хуб нест, бинобар ин тавони шаҳрвандон ба харидории ҳамон мошинҳои кўҳна  мерасад. Худи онҳо талабгори чунин мошинҳо ҳастанд. Яъне аз мошинҳои нав дида, талаботи мардум ба мошинҳои кўҳна ба маротиб зиёд мебошад.

Аз ноумедиҳо басе умед аст…

Андешаҳои масъули ҳукумати шаҳри Душанберо ба риштаи таҳлил гирифта, ба ин натиҷа расидам, ки воридоти мошинҳои фарсудаву 25-30 сола тайи 20 соли дигар ҳам ба Тоҷикистон идома меёбад. Ба қавле Тоҷикистон мазори нақлиёти кӯҳна боқӣ мемонад, мисли аксари кишварҳои сатҳи зиндагиашон «ноҷӯр». Аммо Душанбе кай соҳиби бозори муосири нақлиётфурӯшӣ мешавад, бароям боз ҳам муаммост, аксари шаҳрвандон низ инро намедонанд. Ба ҳар сурат сокинони пойтахт бозори навро ба шакли муосиру замонавиаш дидан мехоҳанд…

Қадриддин Исоев, таҷрибаомӯз{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)