Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:39

Оҳангсози тоҷик ҳуқуқҳояшро дар додгоҳи Британияи Кабир ҳифз мекунад

11 октябр 2011, 06:42

Баҳс миёни Роман Тенгизбоев, оҳангсози тоҷикистонӣ ва гуруҳи аврупоии «Топик Рекертс», ки дар заминаи нақзи ҳуқуқи муаллифӣ ба вуҷуд омадаст, ба марҳилаи судӣ наздик расидааст.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон», худи Роман Тенгизбоев хабар дода афзуд, ин баҳс дар яке аз додгоҳҳои Британияи Кабир доир хоҳад шуд.

Тенгизбоев гурўҳи «Топик Рекертс»- ро ба он муттаҳам мекунад, ки оҳангашро бе иҷозаи ў истифода кардаанд: «Ба оҳанги ман бо забони англисӣ суруд навишта, сабт карданд ва дар фурўш гузоштаанд. Маро аз ин ҳолат тоҷикони муқими Амрико огоҳ карданд. Баъди шиносоӣ фаҳмидам, ки оҳанг воқеан ҳам аз ман аст. Ман ин оҳангро пешакӣ дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон  дар қайд монда будам ва шаҳодатномаи байналмилалӣ дорам».

Тенгизбоев мегўяд, масъулини гурўҳи «Топик Рекертс» инкор намекунанд, ки оҳанг аз ман аст, вале ба ҳар роҳ кўшиш доранд, баҳсро ба дарозо кашанд: «Гумон мекунанд, дар Тоҷикистон  ҳуқуквайронкуниҳои вобаста ба ҳуқуқи муаллифӣ пайгирӣ намешаванд. Аммо ман ният дорам, то охир аз ҳуқуқҳоям ҳимоя намоям ва дар ин баҳс ғолиб оям. Маро дар роҳи мубориза барои ҳуқуқҳоям корхонаи алюминийи Тоҷикистон, «Талко» дастгирӣ карда истодааст».

Ба гуфтаи Тенгизбоев аллакай гурўҳи «Топик Рекертс» ҳам барои ҳимояаш ба як идораи адвокатҳо муроҷиат кардаст.

Ба гуфтаи Тенгизбоев, дар сурати ғолибияташ дар ин баҳс, ин ҳодиса барои ҷумҳурӣ рамзӣ хоҳад буд, зеро бори якум аст, ки шаҳрванди Тоҷикистон кўшиш дорад дар сатҳи байналмилалӣ аз ҳуқуқи муаллифиаш ҳимоя кунад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!