Нашри ду китоби президент. Яке дар бораи фарҳанг, дигарӣ дар бораи мусиқӣ
Дар Туркманистон ду китоби раисиҷумҳури ин кишвар -- Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов нашр шудааст.
Китоби аввал “Фарҳанги Туркманистон” ном дошта ба навиштаи расонаҳои туркманӣ, ба муносибати “Рӯзи кормандони фарҳанг ва санъат” мунташир шудааст. Раисиҷумҳур Бердимуҳаммадов дар китоби худ дар бораи нақши мероси ҳазорсолаи фарҳангии Туркманистон дар рушди ин кишвар ва вазифаи сиёсати давлатии муосир дар заминаи фарҳанг ибрози андеша кардааст. Раҳбари Туркманистон инчунин ба мавзӯи таърихи фарҳанги миллӣ аз даврони зуҳури марказҳои кишоварзӣ ва тамаддун пардохтааст.
Китоби дуввуми Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов зери унвони “Бахши-пешоҳангони хушбахтии мардум” аз чоп баромада, ба таърихи ҳунари овозхонӣ ва мусиқии мардуми туркман бахшида шудааст. Ин китобҳои Қурбонгулӣ ба забонҳои туркманӣ, русӣ ва инглисӣ нашр шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |