Бахшҳо
28 июн 2015 11:54Тоҷикистон / Сиёсат

Зоиров дар бораи камнамоию афтиданаш аз ошёнаи 3-ум

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон овозаҳо дар бораи тағйир ёфтани мавқеи сиёсии худро такзиб карда, далели камнамоияшро шарҳ дод.

Ӯ, рӯзи 28 июн дар саҳифаи Фейсбукии худ навишт, “овозаҳое, ки гӯиё ба Зоиров фишори сахт овардаанду мавқеи сиёсии худро тағйир додааст, асос надоранд”. Раиси ҲСДТ таъкид кардааст, ки ҳар чанд дили ӯ қисман аз “нопокӣ”-и сиёсати имрузаи Точикистон сард аст, вале мавқеи ӯ тағйир нахоҳад ёфт.

Ба гуфтаи Зоиров, ҳоло низ баъзе фишорҳои “бавосита” алайҳи ӯ идома дорад: “Фишороварӣ нисбати ман ошкоро нест, яъне бевосита нест, балки бавосита. Ба аъзои ҲСДТ ва одамҳое, ки дар атрофи ман ҳастанд, фишор меоранд, то аз ҳамкорӣ Зойиров даст кашанд”.

Раҳматилло Зоиров дар мавриди ангезаи сиёсӣ доштани афтидани ӯ аз ошёнаи сеюм ба замин афзудааст, ки ин ҳодиса ягон характери сиёсӣ надорад ва дар пайи риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ рух додааст: “2 рӯз пеш аз ошёнаи сеюми як бинои сохтмонӣ ба замин афтодам ва дар пайи он қафаси сина ва шуши ман деформатсияи ҷиддӣ гирифтаанд,паҳлуи ростам ва пои ростам ҷароҳат бардоштааст”.
Мӯҳр
малик
Ба Худо касам ман ба хамин Зоиров чанд сол пеш эхтиром доштам ва яке аз сиесатмадорони чидди хисобаш мекардам. Дар хакикат солхои 2003 - 2004, 2005 у як шахси чидди буд. Аммо аз соли 2006 Зоиров якбора ранги кудакхо шуд. Мумкин хамон захр дода шуданаш дар соли 2006, ки худаш овоза кард, сабабаш бошад. Хозир мебинем, ки як изхоротхо медихаду як суханхое мегуяд, ки тамоман хандаовар. Бори дигар мегуям, хурмати худо аз бадхохони Зоиров нестам. Аз ин ру аз у эхтиромона хохиш дорам сару нуги сухбатхои худро батартиб биерад. Аз забон сар карда, то маъни. Бинед, ба постхои Зоиров дар фейс хамаги 30 - 40 лайк мегузоранд. Барои сиесатмадоре дар сатхи у ин айб аст, аммо бояд аз ин маъни барорад, ки дар гуфтору рафтор тагирот зарур аст. Агар малоли хотири Зоиров шудам, бахшиш. Озодагон, агар худатро дусти Зоиров хисоб мекуни, инро чоп кун.

Лайку нолайки фейс меъёр нест. Фейси ту монанди бозори Корвон аст. Дар байни сад ҳазор фейсӣ як нафари бохираду бозаковатро пайдо кардан душвор аст.

ы
Чи хел одами калон аз ошенаи сеюм меафтидааст? Шояд маст буд?

ист
Ман аз худи Истаравшани бостон хеста Душанбеба бурафтам, ки бинам Зоировро. Замони интихоботи парламентии соли 2005 буд. Мехостам каме кумакамро расонам. Он одамони боаклу бозаковати мегуфтаатонро ман дидам. Афсус хурдаму чзе нагуфта, офиси Зоировро тарк кардам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)