Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:15

Нахуствазир барои ёфтани «дил»-и Пекин озими Чин гардид

11 октябр 2011, 09:06

Владимир Путин, нахуствазири Русия бо як сафари дурӯза вориди Пекин шуд.


Масоили энерживу тиҷорӣ аз мавзӯъҳои аслии музокироти Русияву Чин дар ин сафар номбар шуда, мақомоти Русия мегӯянд, ҳаҷми умумии қарордодҳое, ки бояд имзо шаванд, 7 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Путин, ки бо як ҳайъати иборат аз 160 нафар ба Чин омад, имрӯз бо ҳамтои чиноияш Вен Ҷибао ва фардо бо раҳбари Чин Ҳу Тзин Тао мулоқот хоҳад кард. Як мавзӯъи умдаи дидорҳои ӯ нақшаи 30-солаи содироти гази Русия ба Чин аст.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ширкати давлатии Эрон, ҳамчунин «Ботас»-и Туркия аз ҳамкорӣ бо «Газпром-нефт»-и Русия даст кашида, Кремлро ба баландабардории якҷонибаи арзищи маводи сӯзишворӣ муттаҳам карда буданд. Коршиносон ҳадс мезананд, ки аз ин рӯ Русия маҷбур шудааст, ки дар минтақа ҷойгузини Туркия ва Эронро пайдо кунад ва гази истихроҷшудаи иловагиро ба он кишвар содир намояд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!