Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 02:16

Лерман: Ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ба деҳқон фишор меоранд

11 октябр 2011, 11:00

Иви Лерман, олими донишгоҳи Иерусалими Исроил, аз натиҷаи омӯзишҳояш дар Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар озодии деҳқон расман мавҷуд аст, вале амалан иҷро намегардад.


Лерман дар сӯҳбат ба хабаргузории «Озодагон» таъкид кард, ки дар Тоҷикистон бояд ҳар чӣ зудтар дахолати ниҳодҳои давлатӣ ба истифодаи замин, интихоби зироат барои кишт, кашидани нақшаи истеҳсоли ин ё он намуди зироат барҳам хӯрда, деҳқон бояд дар истифодаи маҳсулоти гирифтааш озод бошад.  Вай дар ҷавоб ба изҳороти масъулини вазорати кишоварзӣ, ки таъкид мекунанд, озодии деҳқон дар Тоҷикистон таъмин аст, далел меорад: «Моҳи апрели соли ҷорӣ ба ноҳияҳои Шаҳритус ва Қабодиён сафар доштам. Он ҷо бархе аз деҳқонҳо, ки хостанд, ки пахтаашонро ба ноҳияи дигар бурда бо нархи баландтар фурӯшанд, вале мақомоти интизомӣ садди роҳи онҳо мешуданд».

Дар робита ба дахолати ниҳодҳои давлатӣ ба кори хоҷагиҳои деҳқонӣ, хабаргузориҳо ахиран иттилое пахш намуданд, ки тибқи он Толибҷон Давлатов, сокини ноҳияи Шаҳринав, дар паи фишорҳои масъулини ноҳия, ки оилаашро барои ҳар чӣ зудтар супоридани пахтаи хоҷагиашон маҷбур карда, таҳқир намудаанд, қасди худкушӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки  масъулини Тоҷикистон мегӯянд, деҳқон дар истифодаи зироаташ озод аст ва ниҳодҳои давлатӣ ҳуқуқи дахолат ба кори кишоварзонро надоранд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!