Як сокини ноҳияи Синои пойтахт атриётро ба маблағи 10.000 доллари амрикоӣ ба яғмо бурдааст.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, дар ин бора ба мақомоти марбута аризаи соҳибкор Асел Ниязбековаи 41- сола, сокини кӯчаи А. Навоӣ ирсол гардидааст. Ба гуфтаи номбаршуда, моҳи сентябри соли равон шаҳрванд Шаҳноза Ҳамидова, истиқоматкунандаи кӯчаи «Озодии Занон» хонаи 16 бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ба маблағи 10.000 доллари ИМА атриёт гирифта маблағашро то ҳол барнагардонидааст. Ба иттилои манбаъ, Шаҳноза Ҳамидоваи 37- сола, доғи судӣ дошта, қаблан бо моддаи 247-и кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гардидааст. Айни замон нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}
Мӯҳр