Бахшҳо
11 окт 2011 11:34Рӯ ба рӯ

Бег Зуҳуров: Мо вазифаи худро иҷро карда истодаем…

Бо хоҳишу дархости зиёди муштариён ва истифодабарандагони пойгоҳи хабарии www.ozodagon.tj тасмим гирифта будем, бо сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабурович Зуҳуров сӯҳбати виртуалии хонандагон ва муштариёнро баргузор намоем. Аз ин рӯ хабарнигори «Озодагон» рӯзи 2-юми сентябри соли 2011 бо номбурда тариқи телефон дар иртибот шуда, матлабро барои эшон манзур кард. Пас аз гирифтани посухи тасдиқ ва розигии ҷаноби Бег Сабурович ба қабули суолҳои хонандагон шурӯъ кардем.

Маврид ба ёдоварист, муштариён ва истифодабаранадагони зиёде дар ин баҳс ширкат карда, пурсишҳои худро ирсол карданд, ки аз эшон қаблан сипосгузорем.

Ва инак, ҷавобҳои Бег Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба суолҳои хонандагони хабаргузории «Озодагон» пешниҳод мешаванд.

Саволҳо ва имлои онҳо бетағйир гузошта шуданд.

-Савол: # Рубен 05.09.2011 15:24

Салом Бег Зухуров!
Чаро ба ширкатхои мобили андози 3-фойиза бор карда шуд? Оё ин аз руи адолат аст?

Ҷавоб: Андози 3-фоиза бо қарори ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст.

-------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Савол: # Точдор 05.09.2011 15:30

Мухтарам чаноби Бег Зухуров!
Русхо як масали "честь мундира" доранд, солхои ахир чунин ба назар мерасад, ки шумо чойи он аз пешравии сохаи алока дар кишвар ифтихор кунед ва аз хамкасбони худ химоят кунед, бештар ба полиси наззор шабохат доред. Бехтараш шумо ба вазифаи раиси антимонополия гузаред. Зеро намешавад ин хел кор. Зеро себро аз даруни худаш кирм хурда истодааст.

Ҷавоб: Яке аз вазифаҳои Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумхурии Тоҷикистон – назорат бурдан аз рӯи фаъолияти ҳамаи субъектҳое, ки дар бозори алоқа вуҷуд доранд мебошад ва ин вазифаро мо иҷро менамоем.

-------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Савол: Мехостам бо якчанд суол вобаста ба ИБАБ ба Шумо мурочиат намоям:
1. Точикистон узви Иттиходи байналхалкии алокаи барки аст. Тибки оиннномаи ташкилоти мазкур, ки Точикистон ба он имзо гузоштааст, хеч як аз давлати узви он хукуи ситонидан аз зангхои воридотии байналхалкиро надорад. Чаро Шумо хамчун Раиси алока хукуки ширкатхоро дар суд химоя накардед ва холо хамаи ширкатхои алокаи барки хилофи Оиннома ва Конвенсияи ИБАБ барои зангхои воридоти андоз месупоранд?
2. Оё ширкати Точиктелеком низ андоз аз зангхои байналхалки месупорад? Агар хай аз кай ба супоридани он огоз намудед?
3. Дар Конунгузории Точикистон омадааст, ки дар сурати хилофи конунгузории Точикистон будани хадафхои шартномахои байналхалки, талаботи шартномаи байналхалки бартарият дорад. Пас чаро Кумитаи андоз ин кисмати конунро поймол намуд ва чаро Шумо ба ин конуншикани бетарафи зохир намудед?

Ҷавоб: Дар хақиқат ҷумҳурии Тоҷикистон узви ИБАБ  мебошад ва ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ҳамаи пешниҳодҳои ИБАБ характери тавсиявӣ доранд. Давлати узви ин иттиҳод вобаста аз шароитҳои худаш метавонад, ин тавсияҳоро ҷорӣ намояд ё на.

-------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

# Сорбон 05.09.2011 17:29

Савол: Салом ва ду савол ба Шумо!
1Чаноби Бег Зухуров бигуед, ки чаро дар навохии дурдасти наздисархади шабакахои телевизионхои давлати нишон намедиханд?, Зеро аз шабакахои ТВ-хои Точикистон дида аз хамсоякишвархоро бехтар тамошо кардан имкон дорад.
2 Нисбати телевизиони СМТ- яъне "Симои мустакили Точикистон", ки бо таъсири мавчи ОРТ-и Русия онро тамошо кардан гайриимкон шудааст, чи гуфтани доред?

Ҷавоб: Ин масъалаҳо ба Кумитаи телевизион ва радио таалуқ доранд.

-------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Савол: # чалол аз Душанбе 05.09.2011 17:30

Салом!
Вазир ва ё раиси ин ё он Кумита бояд манфиати тамоми сохаеро химоя намояд, ки ба он рохбари мекунад. Чаро Шумо танхо манфиати Точиктелекомро химоя намуда, манфиати шикатхои дигарро сарфи назар ва хукукхояшонро поймол мекунед?
2. Оё рост аст, ки дар Точиктелеком бе ичозати Шумо хатто ягон мактуб ва ё арзу шикоятро кабул намекунанд?

Ҷавоб: Тоҷиктелеком дар қатори дигар ширкатҳои ҷумҳуриямон иҷозатномадор дар соҳаи алоқаи барқӣ мебошад  ва дар назди қонун онҳо  баробар мебошанд.

-------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Савол: # Саодат 05.09.2011 17:34

Аввал салом ба чаноби окои Бег Зухуров арз менамоям!
Шунидам ки Хадамоти алока бо рохбарии Шумо бахшида ба чашни Истиклолият як комплекси варзиширо сохта ба истифода медихад.
Комплекси мазкур дар якчояги бо дигар ширкатхои алока сохта шуда истодаанд ва ё танхо аз хисоби Точиктелеком?

Ҷавоб: Дар сохтмони Комплекси варзишӣ ҳамаи алоқачиён саҳми худро гузоштанд.

-------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Савол: # ШОДМОН 05.09.2011 17:37

Акои БЕГ ЗУХУРОВ РОСТАША ГУЕД, агар Хизби Нахзати Исломии Точикистон хохиши таъсиси як телевизиони мустакилро дар кишвар дошта бошанду, зимни ташкили он наздатон биёянд корашонро тамом мекунед?, Зеро сару садое вучуд дорад, ки гуё барои онхо имкон намедиханд, то шабакаи телевизионии худро ташкил диханд

Ҷавоб: Масъалаи таъсиси телевизиони мустақил низ ба Кумитаи телевизион ва радио таалуқ дорад.

-------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Савол: Аввалан салом ба масъулини хабаргузории "Озодагон" ва бо чаноби Бег Зухуров, аз ин фурсати муносиб истифода бурда ба мухтарам Сабурович як савол дорам.
Хадамоти Шумо бо дигар хадамотхои алокаи кишвархои хорича хамкори дорад? Агар ха, феълан хамкорихоятон дар кадом сатх ва ба кадом кишвархост?

Ҷавоб: Хадамоти алоқаи назди Хукумати Чумхурии Точикистон хамчун маъмурияти алоқа бо ҳамаи давлатҳои хориҷаи дуру наздик  оид ба масъалаҳои алоқа ҳамкорӣ менамояд.

-------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Савол: # Хонанда 06.09.2011 22:26

Ман чанд бор мешавад мехонам, ки ХНИТ дар рохи расидан ба ахдофи демократии чомеъа ва татбики раванди чомеаи вокеан хам мардумсолори тасмим мегирад, ки радио ва ё шабакаи ТВ рохандози кунад.Оё барои хизбхо ичозаи таъсиси радио ва ТВ мумкин нест? Агар ха, пасчаро монеъи демократиякунонии чомеъа мешавед?

Ҷавоб: Масъалаи таъсиси телевизиони мустақил низ ба Кумитаи телевизион ва радио таалуқ дорад.

-------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Савол:# Фаромарз 07.09.2011 10:43

Мухтарам Бег Сабурович!
Имруз як кисми мардуми мо дастраси ба тамошои шабакахои тв ва радихои дохилиро надоранд. Масалан кисмати мардуми шимоли кишвар. Шабакахои тв ва радиохои кишвари Узбекистон ин чоро гасб кардааст. Мисоли ин як кисми нохияхояхои марзи дар вилояти Сугд. Шумо аз ин огах хастед ё не? Агар ха, ин то кай давом мекунад ва аз чониби Шумо чи тадбир дида мешавад?

Ҷавоб: Ин масъала ҳам ба Кумитаи телевизион ва радио таалуқ дорад.

-------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Савол: # шамшод 07.09.2011 10:45

6 апрели соли равон дар сомонаи «Азия-Плюс» хабари зерин чоп шуда буд: "Правительством Таджикистана в настоящее время рассматривается вопрос об отмене косвенного налога (НДС) на международную связь. Об этом «АП» сообщил начальник Службы связи при правительстве Таджикистана Бег Зухуров. Он отметил, что на данный момент не готов предоставить более подробную информацию по этому поводу".
Шумо холо дар ин бора ягон маълумоти дакик дода метавонед?
Саволи 2. Хама медонем, ки яке аз ташаббускорони асосии андози аксизи барои алокаи мобили Шумоед. Инак баъд аз чори шудани андози аксизи новобаста ба ваъдахои зиёди Шумо ва парлумон маълум шуд, ки хама гаронии ин андоз ба души ахоли афтид. Оё Шумо худро дар назди мардум заррае гунахкор хисоб мекунед? Зеро махз бо ташаббуси Шумо андоз даст ба киссаи мардум зад.

Ҷавоб: Оид ба андози аксизӣ барои хизматрасонии алоқаи мобилӣ аз тарафи  Хадамот як чанд пешниҳод шуда буд, лекин ташаббускорони асосӣ мо набудем.

-------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Савол:# Басомадчу аз саховат 07.09.2011 11:42

Ман ба мухтарам Бег Зухуров чанд суол дорам:
1. Лутфан бигуед ки басомади 29 конунан ба ки тааллук дорад: Ба ТВ СМТ ё базаи харбии Россия?
2. Оё пахши барномахои шабакаи якуми Россия тавассути базаи харбии Душанбе ба статуси база, ки дар асоси шартномаи Точикистону Русия мукаррар шудааст мувофикат мекунад?
3. Оё мутахассисони Шумо медонанд, ки иктидори фиристандае ки гайриконуни барномахои шабакаи русиро пахш мекунад чи кадар аст? Мегуянд ки кормандони Шуморо ба он чо рох надодаанд. Оё ин рост аст?
4. Тибки конунгузори чудо намудани радиобасомад ба ихтиёри Хадамоти шумост. Магар дигар басомаде нест ки ба СМТ ё ба русхо дихед ки мо бинандагон тавонем рохат ин барномахоро тамошо кунем?
5. Мегуянд ки сабаби хал нагардидани ин казия манфиатхои бизнеси Шумо дар Русия мебошад,магар хамин тавр аст?
Ва нихоят хамчун шахси масъул оё гуфта метавонед ки кай мо аз болои хамдигар пахш шудани барномахои СМТ ва ОРТ халос мешавем.
Ташаккур!!!

Ҷавоб: Басомади 29 қонунан ба  ТВ «СМТ»  тааллуқ дорад,  базаи ҳарбии Русия бояд бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон масъалаҳои иҷозатномадиҳиашро ҳал намояд.

-------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Суол: # Ахмадзода,мухаррири Точикистон 07.09.2011 12:00

Салом, ду савол
1.Вакте,ки ниёз ба телефони хонаги кам аст,чаро нархи онро камтар намекунед,ки муштариёнаш зиёд шаванд?

Ҷавоб: Дар айни вақт барои зиёд шудани муштариёни телефонҳои хонагӣ кор рафта истодааст ва нархи он ҳам  аз он ҷумла баромад аз телефони хонагӣ ба телефонҳои мобилӣ    камтар шудааст.

-------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------
Савол: Бо арзи салом ба мухтарам сармухаррири хабаргузории "Озодагон"- Хилватшохи Махмуд ва ахли сомона!Кабл аз хама миннатдории худро ба хайати эчоди барои ташкили мулокоти виртуали расоноданиам.
Акнун мухтарам раиси Хадамот гарчанде дар боло зикр шуда бошад хам ман оиди маркаи аксиз ба алокаи мобили гуфтаниам,ки чори намудани ин намуди андоз имиджи чумхуриро дар сатхи байналмиллали паст зад.Чихеле ки дар тамоми намуди сохаи савдо харочоти изофаги окибат бар души истеъмол кунанда мешавад, холати дар боло зикр шуда истисно набуд ва ин чизро шумоён коргарони касби бояд хубтар аз мардуми одди медонистед. Ман фикр мекунам,ки агар хамин андозро шумо барои бекор кардан мусоидат мекардед бисёр як кори хубе мешуд(илтимос бахона пеш наоред агар хохед хисобашро меёбед), чаро дар чумхури хануз интернети босуръати арзон пешнихад намешавад. Масалан дар шахри Маскав 3 мбит(бе лимит) бо нархи 290 рубл ва 10 мбит(бе лимит) ба 450рубл ва амсоли инхо бисёр аст. Оё дар ояндаи наздик дар ин бозор ягон дигаргуни мешавад? Рахмат!

Ҷавоб: Умуман барои пешниҳоди хизматрасонии интернети босуръат хело корҳои назаррас шуда истодаанд ва дар оянда низ ҳамин корҳо давом дода мешаванд.

-------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Суол: # Али 08.09.2011 13:51

Бег Сабурович! Готовы вы уйти в добровольную отставку за невыполненные свои обещания, а не ждать пока Вас постановлением правительства скинут с кресла? Невыполненные вами обещания:
1. Вы так и не пересели на велосипед!

Почему же,  все еще впереди и велосипед неплохое средство для передвижения!
2. Акциз на мобильную связь все таки лег на плечи абонентов!

Ҷавоб: Относительно акциза на мобильную связь могу сказать одно: Служба связи при  Правительстве Республики Таджикистан ценовой и тарифной политикой не занимается, поэтому  вам конкретно по этому вопросу может ответить Антимонопольная служба при Правительстве Республики Таджикистан…

Мӯҳр
хонанда
кадом макомотхо ташаббуси конунгузори доранд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)