Бахшҳо

Акси Фаридуну Фарзонаи Хуршед бо тифли навзод

Дар пайи нашри хабару овозаҳо дар мавриди издивоҷи Фариддуни Хуршед, хонандаи попи тоҷик бо Фарзонаи Хуршед акси онҳо низ ҳамроҳ бо як тифли навзод ба интернет роҳ ёфт.

Ин акс дар саҳифаи Фейсбуки Фаридуни Хуршед нашр шуда, дар он ӯ дар бағал тифли навзод канори Фарзонаи Хуршед аст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан манобеи “Озодагон” аз фарзанддор шудани Фарзонаи Хуршед хабар дода буданд. Ба иттилои онҳо, Фарзона рӯзи 26 июни соли равон дар таваллудхонаи рақами яки шаҳри Душанбе соҳиби духтарча шудааст.

Номи Фаридуни Хуршед дар баробари исми Фарзонаи Хуршед дар ҳоле сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифтанд, ки дӯстони онҳо аз издивоҷашон хабар доданд. Радиои “Озодӣ” бо такя ба як манбааш гуфт, Фарзона ва Фаридун ҳанӯз соли 2014 никоҳи мусалмонӣ карда, бо ҳам зиндагии муштарак доштаанд: “Аммо то ҳоло зиндагии муштараки худро пӯшида нигоҳ медоштанд, вале акнун бо баргузории як маросими пуршукӯҳи хурсандӣ, хонадоршавии худро расман эълон мекунанд”.

Моҳи сентябри соли сипаришуда сару садоҳо атрофи тӯй шудани ин сарояндаҳо низ баланд шуда буд. Гуфта мешуд, тӯйи онҳо 7 сентябр дар меҳмонхонаи “Ҳаят реҷенси”-и Душанбе баргузор шудааст. Аммо Диловари Мизроб, продюсери Фарзона он вақт хабари издивоҷи Фарзонаву Фариддунро рад карда гуфт, ин хабар комилан бепоя аст.


Акс аз саҳифаи фейсбуки Фаридуни Хуршед
Мӯҳр
ш Душанбе
озодагон дигар коре надоред , ки

Рузноманигорон Озодагон Шумоёон дигар кор надоред, ки масъалаи оилави ва шахсии одамонро кай хохед барраси мекунед. Агар дар давлатхои Аврупо мебудед холо барвакт Шумоёнро суд карда махкам мекарданд. Аммо шумо аз озодии матбуоти Точикистон истифода бурда то масъалаи даруни чойгахи хоби одамонро барраси мекунед. Бовар кунед ин беномусии Шумоён аст.Бас кунед пахши хабархои оилавии одамонро.Камтар шарм хам доред.Мардум имруз хама аз пайи зиндагии худаш аст Ба Фаридуну Хуршеда ки кор дорад???? Хеч кас!!!!
Озодагон ку гайрати шумора бинем, ки ин гапхоро нашр мекунед ё не.

Кулоби
Фарзоначон хохари азизам офарин баракати Худо дар саратон ин румолро напарто хечгох ва умед дорам ки читавре ки минтакаи кулоба оилаткати муарифи карди расму оини кулоба туи кулоба бо шавхари мехрубонат хамингуна муаррифи мекуни

Замон
Рост мегуянд охир ин хабархои пешипо афтодаб охи чи гапай инхо Падари Рим набошанд ё Елезабета набошанд ё хай чи охи ки зоиду ки шу карду ки талок дод ин чи хабархо

жёлтая прессаи точики. муборак шавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)