Бахшҳо
02 июл 2015 16:25Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Гургон ба имтиёзи гусфандон ва қонуни шумо туф кардаанд”

Суоли навбатии “Озодагон” аз коршинос ва соҳибназарони тоҷик ин буд: Тоҷиронро аз бюрократия наҷот диҳем ё аз андози баланд?


Фаррух САЛИМОВ, соҳибкор

Барои чӣ бояд якеро интихоб намуд? Самаранокии фаъолияти соҳибкор аз хар ду вобаста аст. Агар интихоб байни ин ду бошад, фикр мекунам, аксарият ба бюрократия норозианд. Албатта, ба он маънои бюрократияе, ки ману Шумо мефаҳмем. Яъне, дахолати мақомотҳои марбут ба фаъолияти соҳибкор, тафтишҳои сершумор, хислати ҷазодиҳанда доштани ҳамаи мақомоти давлатӣ нисбати соҳибкор. Агар муносибати хуб бошаду хизматчиёни мардум ба мардум хизмат кунанд, соҳибкор омода аст, боз каме аз даромади худ ба буҷа равон кунад.

Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, коршиноси масоили иқтисодӣ

Системаи молиёте, ки дар Тоҷикистон аст, на ба нафъи иқтисодиёти давлат асту на ба фоидаи бахши соҳибкорӣ, чунки мо андозро аз ҳад зиёд талаб мекунем. Шумо муқоиса кунед, ки дар Қирғизистон 7 намуди молиёт аст тамом, дар Тоҷикистони мо пеш 22 намуд буд, ҳоло танҳо чандтоашро кам кардаанд. Қирғизистон дар пайи барҳам додани молиёти барзиёд, дар чанд соли ахир аз лиҳози иқтисодӣ пешрафт кард ва ҳоло дар бозорҳои Тоҷикистон молу маҳсулоти ин кишвар зиёд фурӯхта мешаванд. Дар Тоҷикистон тайи чанд соли ахир беш аз 41 дарсади корхонаҳои хурду миёнаи кишвар варшикаста шуданд ё тиҷораташонро аз кишвар ба дигар ҷо бурданд. Ин ҳамааш ба хотири ҳамон молиёти зиёд, бюрократия, яъне, масалан қоғазбозӣ ва омилҳои ришваситонӣ аст. Молиёти барзиёд ва омилҳои бюрократӣ боиси он мегардад, ки иқтисоди мо оянда боз ба бисёр мушкилиҳои бузург рӯ ба рӯ шавад. Дар бахши иқтисодиёт воқеан ҳам қонунҳои мо ба нафъи мардум нестанд ва ҳамаи онҳоро бояд бори дигар дида бароянд.

Абдулло РОЗИҚЗОДА, шореҳи масоили иқтисодӣ

Соҳибкорони мо ҳам аз мизони болои андоз ва ҳам аз қоғазбозиву бюрократия азият мекашанд. Бинобар ин, аз ду ҷониб ҳам бояд барои соҳибкорон сабукӣ дода шавад. Чунки ҳоло кишвар даромадҳояш аз ҳисоби муҳоҷирон кам шуадааст ва дар ин шароит соҳибкорон манбаи аслии даромади буҷа ҳастанд.

Ҳоҷимуҳаммад УМАРОВ, иқтисодшинос

Албатта, аз бюрократия. Ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ин ҳама тафтишҳо аз сӯи бюрократҳо мешавад ва аз ин рӯ, бояд соҳибкоронро аз онҳо наҷот дод. Вақте ин тафтишҳову ин мушкил кам шуд, андоз низ худ кам мешавад.

Иззат АМОН, раиси созмони “Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия”

Ҳам аз андоз ҳам аз бюрократия. Ин ду омиле ҳастанд, ки воқеан фазои сармоядории кишвари моро тира гардонидаанд.

Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, соҳибкор

Аслан дигар ягон сабукӣ ё имтиёз ба дарди бизнес намехӯрад. Ин дуруст мисли ин аст, ки чанд гусфандеро дар водии гургон раҳо кунед ва эълон кунед, ки ин гусфандон фалон фалон имтиёз доранд ва хӯрдани онҳо манъ аст. Гургон ба имтиёзи гусфандон ва қонуни шумо туф кардаанд. Барои эмин мондан ва афзоиш ёфтани гусфандон бояд ҳамаи гургон паронда ё гусфандон ба ҷои дигар бурда шаванд.
Мӯҳр
Абдуманнон Шералиев, зери хар як харфи гуфтаатон имзо мегузорам. Як чахон маъно. Худованд баракататон дихад, саломат бошед.

Абдуманнон Шералиев, зери хар як харфи гуфтаатон имзо мегузорам. Як чахон маъни. Худованд баракататон дихад, саломат бошед.

Шералиев гапро ошкоро гуфтед офарин.

Тохир Зайн
Боракаллох. Ачаб ташбехи бачо ва фахмое! Абдуманнон чони гапро гуфтааст. "Водии гургон." Дар хакикат имруз иктисод дар дасти гургон аст. Сиёсат бояд дигар карда шавад сиёсатмадорон бояд иваз шаванд ва баъд тагйирот мешавад, дар гайри ин холат, тагйиротро дар шаби хоб хам намебинед!!!

Салом озодагон. Масалаи Автодром хам бинед. Дар он чо бе пул ягон кас катид гап намезанан.
Мисол ман тездрав супоридам, бояд дар тез-драйв муаллим ёд дихад онхо то пул надихи ёд намедиханд.
Наход як тез-драйв 70сомони бошад 3минут хам мошин намерони.
Имтихонхоро аз боло меафтонанд як имтихон 150 сомони аст.

Ба сухангуи хама пешсафанд, агар хунар бошад ду-се сохибкор е ташкилотхое, ки хукукхои сохибкорро пешгири мекунад, ягон лоихаи тайерро барои кам бурдани налог е бюрократия нависад...

Аз кадом гургхо аз дупо е аз чорпо. Ин гургхои ду по оханро хам мехуранд

Хамаи ин вазнинихое ки ба сари точирону сохибкорон меояд вазнинияш ба души халк аст. Аз сохибкор ки налогои калону чаримахои беасосу пора талаб мекунанд, нархи махсулотро баланд мекунад. Андозчинакхо аз Молики Динор дуои хайр талаб карданд. У гуфт: ман шуморо дуои хайр нахохам кард. Чунки хазор кас шуморо дуои бад мекунанд. Як дуои ман дар мукобили хазор дуои бад кора намекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)