Бахшҳо
03 июл 2015 08:15Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Эмомалӣ Раҳмон профессори фахрии CERIS-и Брюссел шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо қарори Шӯрои академии Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ (CERIS), мақарраш шаҳри Брюссел, муассисаи таҳсилоти олии Иттиҳоди Аврупо, унвони фахрии профессори ин марказро гирифтааст.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, ин унвон ба Эмомалӣ Раҳмон “дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ” дода шуд: “Маркази мазкур унвони профессори фахриро бо назардошти аҳамияти байналмилалии таҷрибаи нодири сулҳи байни тоҷикон ва нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи кишварамон додааст”.

Маркази аврупоии тадқиқоти байналмилалӣ ва стратегӣ соли 1985 бо ташаббуси профессорони донишгоҳҳо, дипломатҳо ва хизматчиёни аршади давлатӣ бо мақсади пешбурди тадқиқот ва додани маълумоти пурраи олӣ дар соҳаи сиёсат, муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати рушд таъсис ёфтааст: “Марказ ба хоҳишмандон курсҳои яксолаи магистратураро дар соҳаи “Сиёсати байналмилалӣ” ва “Сиёсати рушд” пешниҳод менамояд. Дар ҳоли ҳозир сафирон, дипломатҳои ҷавону собиқадор, намояндагони сохторҳои Иттиҳоди Аврупо, НАТО ва дигар ташкилоту созмонҳои байналхалқии муқими Аврупо донишҷӯёни он Марказ мебошанд”.
Мӯҳр
хакикат талх аст
Бехтарин! Муборак бошад! Шумо хуб корхоро кардаистодаед. Вале шахсони гирду атрофатон хамачоро вайрон кардаистодаанд. Бо воситви ....

юсуф
ХУДОВАНД ИН ПРЕЗИДЕНТРО БАРОИ МО ХАДЯ КАРДААСТ ПРЕЗИДЕНТИ МО БА ХАМА УНВОНХОИ БЕХТАРИН САЗОВОР ХАСТ

н Хисор д Алмоси
Офарин Чаноби Оли...ин ифтихори ман аст ...мо фарх мекунем Бо чунин марди бузург ОФАРИН...ОФАРИН

муборак
Муборак бошад, Чаноби оли, шукронаи хастиатонро мекунем. Эътирофи мардум аз хама унвонхо болост ва Шумо онро сазовор хастед.

гулафзо
Худованд давлататонро зиёда гардонад,чаноби Оли.

рахим
албата, ин марди бузург аст, ки дар даврони фаяъолияташ мардуми точик ба беобурутарин миллати кураи замин бадал гардидааст.

албата, ин марди бузург аст, ки дар даврони фаяъолияташ мардуми точик ба беобурутарин миллати кураи замин бадал гардидааст.

ман
ин посухи Итиҳодияи Аврупо аст ба шикояти ҲНИТ !!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)