Бахшҳо

АКС: Хурду калони Нозимовҳо барои “адолат” ба Сурия рафтаанд

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, дар пайи чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ муайян кардаанд, ки 8 узви хонаводаи Нозимовҳо аз ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба Сурия рафтаанд.

Ба иттилои ин ниҳод бародарони 37-у 39-сола, Шуҳрат ва Ғайрат Нозимовҳо бо зану фарзандонашон гӯиё барои ба ивази ҷон адолату амниятро таъмин мекунанд, ба ҷангҳои мусаллаҳона дар Сурия пайвастаанд.

Мақомоти умури дохилӣ афзуданд, ки Нозимовҳои ноболиғ, аз ҷумла Асадбеки 14-солаю Шерози 17-сола низ фирефтаи ин ғояҳои бофта шудаанд ва аллакай Шероз Нозимов бо тахаллуси Муҳаммад дар Сурия ба ҳалокат расидааст.

“Дарёфти адолат” дар ҳоле ҳадафи Нозимовҳо аз пайвастан ба ҷанги Сурия арзёбӣ мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар ин робита гуфт: "Ба шиорҳои бардурӯғе, ки фақат дар ин набардҳо «дарёфт кардани адолат имкон дорад», фирефта мешаванд. Онҳо ба ваъдаҳои бардурӯғи эмиссарҳои хориҷӣ бовар карда, ба чунин роҳи ҳалокатбор раҳсипор мегарданд. Дар робита ба ин, бори дигар ҷавононро ҳушдор доданиям, ки фарзандони азиз, бе заҳмат кашидан кас ба осонӣ соҳиби зиндагии осудаву сазовор намешавад. Бинобар ин, фирефтаи гирифтори доми тазвири таблиғотчиёни манфиатҷӯй нагардед. Дар як мақоли халқиамон омадааст, ки “Ганҷ бе ранҷ муяссар намегардад”.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон то ҳол мақомот аз 300 ҷангҷӯи тоҷик дар Сурия иттилоъ доранд, ки зиёда аз 100 нафари онҳо дар муҳорибаҳо кушта шудаанд.


АКС: Хурду калони Нозимовҳо барои  “адолат”  ба Сурия рафтаанд

АКС: Хурду калони Нозимовҳо барои  “адолат”  ба Сурия рафтаанд

АКС: Хурду калони Нозимовҳо барои  “адолат”  ба Сурия рафтаанд

АКС: Хурду калони Нозимовҳо барои  “адолат”  ба Сурия рафтаанд
Мӯҳр
МАН ХАЙРОН АЗ ХАМИН ОДАМОИ СПИТАМЕН ДАР ТОЧИКИСТОН МЕИСТОДИЮ ПИСАРЕ,КИБО.ТАХАЛУСИ МУХАМАММАД ЧАВОНМАРГ ШУДААСТ ХОНАДОРАШ МЕКАРДИ ХОЛИ ЗИНДА СИХАТ САЛОМАТ МЕГАШТ АНАКНУН ЧИКОР МЕКУНЕД ХОЛИ ХАМАТОН ДАР СУРИЯ МЕМИРЕД САДКАИ НОНУ НАМАКИ ТОЧИКИСТОН ШАВЕД.

Душанбе
23 сол аст ки ранч мекашем лекин хеч ганчро надидем аккалан адолатро надидем. Ба фикрам ин хама як савсата аст. Чи тавре ки ба одам махкул аст бояд хамо хел рафтор кард.

Ман хайрони мардум, агар як шахс аз Галаи дигар одамон чудо Шуда Фикри худро пешниход кунад, дарав у ватан фурушу ва гайра носила мешавад. Мебахшед! гури хар яки мо алохида мебошад ва хар кас ба кори кардааш худаш чавоб медихад. Дар Назар метобад, ки Хамма росткорхо дар Точикистон чамъ шудаанд. Дар насихати инхо шиди мегуй олам гулистон шудааст.

аввалан саломи худро ба хонандагон ва кормандони озодагон мерасонам ва баъдан гуфтаниям ки президент дуруст қайд кардаанд ки ҳеҷ ганҷе бе ранҷ ба даст намеояд мо бояд барои озодии худ дини худ миллат ва ватани худ арзишҳои милли арзишҳои динии худ камар бибандем то соҳиби давлати боадолат озод исломи гардем. ва ҳар шахсе ки ба ҳар гуна гуруҳҳои ифроти ё терористи мепайвандад ин камбудии давлат аст ки эшонро қонеъ гардонида наметавонанд бо ҳар роҳ фишор болои шаҳрвандон гаронии нархҳо набудани ҷои кор сабаби ба гуруҳакҳо пайвастани қишри ҷавони имрузаи тоҷикистон мегардад

салом ба хонанда! бисёр хуб мешуд, ки журналисти хакикие барои маълум намудани омилхои асосии дар Точикистон бо беадолати ру ба ру шудани ин оила кушиш мекард.
Оё онхо дар Ватан ба чанги гуруххои тундрав афтоданд ё дар мукобили дуруягию фиребу тахкири бархе масъулони макомотхои махалли очиз монданд?
магар аз таваллуд то ба гур ва баъди мурдан низ хар як кадами зиндаги бо воситаи порагирию порахури сипари шуданаш сабаби асосии адолатчуи нест???

Рустам
Агар адолат дар ватан мешуд, хочат ба кофтукови он дар хорича намешуд. Мардум дар холе фирефтаи эмиссархо мешавад, ки ба адолат ниёз дорад, чунки онро дар ватани хеш наметавонад дарёфт кунад.
Дар хар кадам беадолати, коррупция, дуздиву горат дар сатхи давлати - хамин факторхоро аз байн баред, ичозат дихед, ки мардум дар ватани худ кор карда, имконияти дарёфти ризку рузии халолаш бошад, пас хеч кас на ифроти мешаваду на террорист.

Xub
Дар кулоб аз хар хона як кас рафтас касе чизе намегуд ку

Адолат
Акнун ёфтанд адолатро дар чанг! Тавба

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)