Бахшҳо

Ҳушдори Рустами Эмомалӣ: Номатонро доғдор накунед, сазовори боварӣ бошед...

Рустами Эмомалӣ, раиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 3-юми июл зимни як ҳамоиш дар Душанбе аз роҳбарони мақомоти давлатӣ хост, бо дасту дили пок кор кунанд то сазовори боварии мардум бошанд.

Дар ин ҳамоиш, ки 3 июл бо ширкати раҳбариятиАгентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Шӯрои адлия, Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Палатаи ҳисоб ва намояндагони дигар ниҳодҳои давлатӣ баргузор гардидид, бештар фаъолияти мақомоти судӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Рустами Эмомалӣ зимни баромадаш аз роҳбарони мақомоти судӣ хост ба пешниҳод ва таъини кадрҳои тасодуфӣ хотима бахшанд.

Раиси Оҷонсии зидди фасод ҳолати номатлуби даст ба ҷиноят задани баъзе аз кормандони мақомоти судиро нигаронкунанда арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки ин нафарон бо чунин амал эътибори мақомоти мазкурро коҳиш медиҳанд ва ба шаҳну шарафи кормандони ин сохтор иснод меоваранд: “Чор ҳолати содир намудани ҷиноятҳои коррупсиёнӣ аз ҷониби кормандони мақомоти судӣ ошкор карда шуда, ки нисбат ба соли гузашта як ҳолат зиёд мебошад. Ҳар як судя бояд кушиш намояд худро дар ҷомеа доғдор насозад ва аз худ амалу кирдорҳои нек боқӣ гузорад”.


Рустами Эмомалӣ инчунин аз он интиқод намуд, ки судяҳо нисбати қонуншиканҳои соҳаи нақлиёт ҷаримаҳои камро татбиқ мекунанд: “Ҳолати дигаре, ки қобили таваҷҷӯҳ аст, ин аз ҷониби мақомоти судӣ ҳангоми баррассии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар самти воситаҳои нақлиёт додани сабукиҳои зиёд ба субъектҳо мебошад. Масалан ба мақомоти судӣ дар ду соли охир зиёда аз 169 мавод ба маблағи 845 ҳазор сомонӣ пешниҳод карда шуда, ки ҳангоми баррасии онҳо ба маблағи 299 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст, ки фарқият ё сабукии додашуда 553 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар пайи зикри фасодкориҳо дар мақомоти судӣ афзуд, ки ин ҳолат роҳбарияти мақомоти судиро водор месозад, то назорату чораҷӯиро дар ин самт ҷоннок намуда, ба интихобу пешниҳоди кадрҳои тасаддуфӣ хотима бахшанд.

Рустами Эмомалӣ илова кард, ки тамоми таклифу пешниҳодҳое, ки зимни ин ҷаласа иброз шуданд, “танҳо ба он хотир аст, ки вазифаҳои дар наздамон истодаро бо сарбаландӣ иҷро намуда, сазовори боварии мардуми шарафманди Тоҷикистон бошем. Чи тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, барои он ки дар ҷомеаи мо коррупсия ба таври зарурӣ пешгирӣ ва сатҳи он паст карда шавад, бояд пеш аз ҳама кормандони Палатаи ҳисоб, Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура, ки мардум онҳоро ҳамчун намояндагони ҳокимият ва ҳомиёни қонун мешиносанд, бо дилу нияти нек ва дасти пок фаъолият кунанд ва поквиҷдон бошанд”.

Рустами Эмомалӣ хотиррасон кард, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати имрӯзаи ҳукумати Тоҷикистон, ин муборизаи беамон бо падидаи номатлуби паҳнгардида, аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи зиддикоррупсионии аҳолӣ мебошад.
Мӯҳр
ришва
Аму Рачаби Мирзо рост гуфт аст

антикор
Э кош хаминтавр мешуд

Хамин коррупсия худаш сар мекунад хама кора. Мисоли одди. Агар дар тамоми чумхури 450 нафар корманд бошад хар як корманд зиёда аз 65 хазор доллар дар 1 сол пора мегиранд ки ин дар як сол 29 250 000 доллар дар сол мебошад. Дар байни ин 450 нафар тахминан 430 нафар аз тарафи чануби Точикистон мебошанд, ки саводи кофи надоранд, тафтиши буча як тараф истад санади тафтиши хазинаро тартиб дода наметонанд. Аз тарафи шимол хамаи кормандон дар 2 соли охир бо сабабхои гуногун аз кор озод шуданд. Боки ба ихтиёри Шумо хамватанон. Аз 56 нафари аз аттестат сия нагузашта алакай 7 нафар боз ба кор кабул шудан то охири сол мумкин аст 49 нафари дигар бо кор дар агенти таъмин шаванд зеро ин кормандони бесаводи одамдор будан!?

Хамин коррупсия худаш сар мекунад хама кора. Мисоли одди. Агар дар тамоми чумхури 450 нафар корманд бошад хар як корманд зиёда аз 65 хазор доллар дар 1 сол пора мегиранд ки ин дар як сол 29 250 000 доллар дар сол мебошад. Дар байни ин 450 нафар тахминан 430 нафар аз тарафи чануби Точикистон мебошанд, ки саводи кофи надоранд, тафтиши буча як тараф истад санади тафтиши хазинаро тартиб дода наметонанд. Аз тарафи шимол хамаи кормандон дар 2 соли охир бо сабабхои гуногун аз кор озод шуданд. Боки ба ихтиёри Шумо хамватанон. Аз 56 нафари аз аттестат сия нагузашта алакай 7 нафар боз ба кор кабул шудан то охири сол мумкин аст 49 нафари дигар бо кор дар агенти таъмин шаванд зеро ин кормандони бесаводи одамдор будан!?

Бахром
Яке аз сабабхои баланд будани сатхи амалхои коррупсиони дар чамъият ин пеш аз хама паст будани музди мехнати хизматчиёни давлати мебошад, барои чи одитарин чиза наменависен.

То он даме, ки музди маъоши хизматчиёни давлати, кормандони макомотхои кудрати ва маорифу тандурстиро баланд набардоранд ин холатхои коррпсиониро пешгири намудан гайриимкон аст. Худ казоват намоед оё бо 400 - 500 сомони дар як мох зиндаги намудан мумкин аст? Хол он ки нархи як кело гушт 50 сомони нархи 1 копча орд 150 сомони боз гайр аз ин нархи барк, об, партов ва гайрахоо дандон шикан мебошад музди маош, ки намерасад барои зиндаги намудан ба ба хар гуна холатхо даст мезананд......................

Мухтарам Рустами Эмомалӣ агар Шумо як кори бисер одиибарои шарвандони Хоруг шахр ичро мекардед бисьер минатдор аз Шумо мешуданд.Соли 2013-2014 хукумати Япония 120,000 долари Амрико барои аз нав созии канали Шош-Хоругро чудо намуданд дар мудати 1.5 сол ягон кори аз нав созиро накарданд ва пули чудо кардагиро дуздиданд халк ба идораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи дар шахри Хоруг арзиза доданд аризаяшро гирифтанд ва бади ду руз аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи шахри Душанбе занг заданд ва гуфтанд ба хамин 120.000 доллар кордор нашавед.То хамин руз ягон кас аз тарафи хукумат идорахои ифзи Хукук пурсида нашудаст кучо шуд 120.000 долари Амрико аз тарафи идораи Водхози шахри Хоруг Илтимос ерии расонед.

бекор
Рустамҷон, шиори хубу лекин ин даъват ба гуруҳи беҳисоби хешутаборон ва язнаҷонҳои мансабдор ҳам дахл дорад ми, ё факат синфи коргару деҳқон?

03
Вилояти Сугд,
ин акидахои хоми ту мебошад. дар бораи шумо гуфтан шарт нест ки шумо ки хастед, чунки хама аллакай медонанд шумо ба манфиати ки кор мекунеду агентхои ки хастед....

бесохиб
...ОзОдАгОн...1500 3000 доллори амрикои ба ду коллечи вахдат як бор хами мардуми бечораро хуред охир тести мешуд авол ихел намешуд....М УХТАРАМ Р. ЭМОМАЛИ назорат баред илтимос..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)