Бахшҳо
04 июл 2015 16:19Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳимояти САҲА-ю Иттиҳоди Аврупо аз ҲНИТ ва шубҳа дар “парванда”-и Кабирӣ

Созмони амнияту ҳамкории Аврупо ва Иттиҳоди Аврупо бо пахши як изҳорот аз нигарониҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мавриди фишор ва нақзи Созишномаи сулҳи тоҷикон оиди плюаризми сиёсӣ ҷонибдорӣ кардаанд.

Дар изҳороти САҲА ва Иттиҳоди Аврупо, ки 2-юми июл дар Вена қабул шудааст, таъкид гардидааст, ки барои якумин бор дар 18-соли охир яке аз тарафҳои калидии созишномаи сулҳи тоҷикон – ҲНИТ, бо нишони эътироз аз нақзи муқаррароти созишномаи сулҳ оид ба плюаризми сиёсӣ ва инчунин бо нишони эътироз алайҳи фишорҳо болои ҳизбу аъзоёнаш ҷашни Ваҳдатро “байкот” кардааст.

Дар изҳорот омадааст, ки Иттиҳоди Аврупо бо ин нигарониҳои ҲНИТ ҳамраъй мебошад: “Хулосаи ниҳоии нозирони САҲА аз раванди интихоботи парлумонии соли равон нишон додааст, ки бо маҳдудиятҳои зиёде гузашта, барои ҳамаи номзадҳо шароити баробар таъмин нашудааст”.

САҲА ва Иттиҳоди Аврупо мегӯянд дар пайи интихобот фишор болои аъзои ҲНИТ афзоиш ёфта, наворҳои шубҳабарангези истеъфои аъзои ҳизб пайдо шуданд.

Дар изҳорот инчунин омадааст, ки мо аз матлаби ахир дар нашрияи ҳукуматӣ оиди тафтишот алайҳи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар робита бо хусусигардонии ғайриқонунии 16 соли пеш нигаронем. Ин созмонҳои бонуфуз баъди муҳлати тӯлонӣ сар задани ин иттиҳомро шубҳаовар хонда, баёнгари афзоиши фишор болои аъзои ҲНИТ ва таҳқиби фаъолону мухолифони сиёсӣ тариқи ифтитоҳи парвандаҳои ҷиноӣ донистаанд.
Дар ниҳояти изҳорот аз ҳукумати Тоҷикистон қотеъона даъват шудааст, ки уҳдадориҳои байналмилалияшро дар назди САҲА иҷро кунаду барои плюаризми сиёсии сулҳомез фазоро боз кунад.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки ахиран ҲНИТ барои қатъи фишор болои ин ҳизб дахолати созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷиконро дархост карда буд.

Аз ин пештар “Ҷумҳурият” -- рӯзномаи расмии ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба манобеаш дар мақомот Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ-ро дар заминфурӯшӣ муттаҳам кард. Сомонаи расмии “Ҷумҳурият” бо нашри як матлаб зери унвони “Асрори пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ” иттилоъ додааст, ки “ҳангоми таҳқиқи парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба далели хусусигардонии ғайриқонунӣ маълум шуд, ки соли 1999 раиси ҲНИТ сохтмони нотамоми беморхонаи касалиҳои сироятиро, ки барои 500 ҷой пешбинӣ шуда буд, бо 10 гектар замини атрофаш дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, бо маблағи ночиз харидорӣ намуда, тавассути созишномаҳои сохтаи ҳадясозӣ, бо истифода аз дасти дувум ба сифати замини наздиҳавлӣ барои дигарон фурӯхтаанд. Ин амали қаллобона аз ҷониби мақомоти судӣ ошкор ва ашхоси дастдошта ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ҳама, ба истиснои соҳибмулки асосӣ - Муҳиддин Кабирӣ. Аз рӯи шартномаи хусусигардонии иншооти мазкур, ки 50 дар сади сохтмони он қаблан анҷом ёфта буд, Кабирӣ уҳдадор буд, ки бинои беморхонаро пурра сохта, мавриди истифодаи сокинони шаҳри Душанбе қарор диҳад”. Нашрияи ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба “як манбаи муътамад аз мақомоти зидахли тафтишотӣ” афзудааст, “тақаллубкориҳои сарвари ҲНИТ ҳангоми хусусигардонии иншооти зикргардида, такроран аз ҷониби мақомоти дахлдор таҳқиқ гардида, далелҳои шайъӣ собит шуданд ва дар доираи парвандаи алоҳидаи ҷиноятӣ тибқи қонун баҳогузорӣ хоҳанд шуд”.
Мӯҳр
Сабр хам хадду худуд доштагист! Аллох шохид аст ба ин амалхои ночавонмардонаи хукумату академикхо! Огох

заминро кихо мефурушанду киро ба долгох мекашанд

Бачамард
Парвардигори Кодиру Мехрубон ба Хакки шабхои Мохи муборак Адолати Вокеи ро дар Сарзамини Точикистон барпо бигардон то Мардуми Шарифи Точик озодона Дини сиротал мустакими худ ро бо Ифтихору Сарбаланди Пешво бошанд

Начмуддини Кубро
Парвардигори Кодиру Мехрубон ба Хакки шабхои Мохи муборак Адолати Вокеи ро дар Сарзамини Точикистон барпо бигардон то Мардуми Шарифи Точик озодона Дини сиротал мустакими худ ро бо Ифтихору Сарбаланди Пешво бошанд

нозир
Мебахшед, бародарон ман ба Шумо гуфтам боз мегуям, ки созишнои истикрори сулх дар Чумхурии Точикистон бо хизби нахзати ислом баста нашудааст он бо раиси иттиходи мухолифин баста шудааст. Дар инчо созиш байни ду хизб набуд намешавад, ин созиш. Миёни инот буд.

Ба САХА лукмаи тайёрро ХНИТ дод, то ки барои чамъ кардани маълумот аз Точикистон азоб накашад. Магар хамин САХА набуд, ки дар якчанд давлатхои чахон бетартиби ва мушкилиро ба бор овард? Боз ин нахзатихо ба чунин ташкилотхои игвоангез мурочиат мекунанд.

мухочир
Хай аз САХА ки метарсед чаро пеш аз мурочиат инкадар ба ХНИТ бе таваччух будед чанобони айбт тарошу бадбини НАХЗАТ ??? Нахзат магар Хосили хамон ИНОТ нест ????? 50 % коргрош магар ходимони хамон замон набуданд ???

Худовандо Рахиму мехрубони,
Хама рузу шабон вирди забони,
Чазои чурмхои мо чи бошад?
Мани мискин намедонам, Ту дони.
Худовандо ин Хизб хизби Ту аст пас инро болои мо Пируз гардон ОМИН!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)