Бахшҳо
06 июл 2015 09:34Тоҷикистон / Иқтисодӣ

АКС: Хобгоҳи “мактаби куҳна”-и Айнӣ дар Душанбе

Фазлиддини АЗИМӢ, журналист

Шояд дар замони пеш чунин хобгоҳ барои толибилмон дар Бухорову Самарқанд вуҷуд дошт. Аммо имрӯз вуҷуд доштани хобгоҳи Донишгоҳи исломӣ дар маркази шаҳри бузурге, ки ба гуруҳи шаҳрҳои бузурги исломӣ шомил гашт, бо чунин намуд басо шармандагист.


Дуруст, шояд Шумо иддао кунед, ки мо онро таъмир хоҳем карду дар нақша ҳаст ё мегӯед, ки онро дигар истифода намебарему бинои нав хоҳем бунёд кард. Агар чунин ҳаст, пас чаро онҷо зиндагӣ мекунанд? Ростӣ се сол қабл ин манзараро дида будам ва дар дохили он донишҷӯён зиндагӣ мекарданд. Бори дуввум гузарам ба он ҷо афтоду рафтам ва як манзараи даҳшатноки бинои шаҳри Сталингради солҳои 1941-1945-ро дидам. Ба фикри ман “Мактаби кӯҳна”-и Айнӣ чунин хобгоҳро надошт. Дар қабати якуми бино донишҷӯён зиндагӣ мекарданд. Мо пурсидем, ки оё дар ошёнаҳои дигари бино донишҷӯён зиндагӣ мекунанд, гуфтанд, не. Ҳамчунин ҳамон гапи порина, инҷоро таъмир мекунанд.

Мақсади мо танқиди касе ва ё ба иззати нафси касе расидан несту танҳо мехоҳем бифаҳмем, ки чаро ин хобгоҳ тайи чанд сол аст, ки вайрона қарор дораду онро таъмир намекунанд? Ё ин хобгоҳ ҳаққи аз буҷаи давлатӣ пул гирифтанро надорад? Ҷомеаи мо рӯй бар созандагиву ободкорӣ овардааст ва ҳар сол барои донишгоҳу мактабҳо хобгоҳҳои бузург сохта мешаванд. Дар маркази шаҳр барои Донишгоҳи исломӣ, бояд хобгоҳ сохта шавад ва он бепул ба толибилмон супорида шавад. Агар ҳаминро ба соҳибкорони мо фаҳмонанду хоҳиш бикунанд, боварӣ дорам хобгоҳ аз ҷониби ҷавонмарде таъмир мегардад. Зеро эътиқоди тамоми соҳибкорони мо нисбати дини мубини Ислом зиёд аст ва онҳо барои толибилмон сохтан ё таъмир кардани хобгоҳ пули худро дареғ нахоҳанд дошт. Чаро барои омӯхтани илми динӣ ҷавонони мо ба хориҷа мераванд? Сабаб як чӣ аст, дар он ҷо онҳо гурусна намемонаду бо ҷойи хоби бепули бароҳат таъминанд.

Мо барои ҷавононе, ки мехоҳанд илми дунявиро омӯзанд бо ташаббуси Ҳукумати кишвар хеле корҳои арзандаву сазоворро кардему карда истодаем. Аммо барои ҷавононе, ки мехоҳанд илми динӣ омӯзанд, низ бояд шароити хуби замонавӣ муҳайё созем. Агар мо тамои шароитро дар мадраса ва хобгоҳи он муҳайё созем, ягон ҷавон майл ба кишвари арабӣ намекунад. Дар ҳақиқат дар хориҷа омӯхтани илми динӣ (ба истиснои дар мадориси суннимазҳаб) барои кишваре чун мо хатар дорад. Зеро омӯхтани илм тариқи равияву мазҳабҳои дигар андешаву тафаккури ҷавонони моро дигар мекунад ва вақте онҳо баргаштанд бо дигарон бархӯрд мекунанду сабаби нофаҳмиҳои зиёд мегардад. Ҳамин тариқ ифротгароӣ дар ҷомеа сар мезанад. Бояд на ин ки ин хобгоҳи валангор таъмир бигардад, ҳамчунин муҳити ҳамин Донишгоҳи исломии мо васеъ карда шавад, хатмкунандагони он низ ба корҳои давлатӣ ҷалб шаванд. Бо ҳамин роҳ мо метавонем, ҷавонони худро аз рафтан ба кишварҳои арабӣ боз дорем.


АКС: Хобгоҳи “мактаби куҳна”-и Айнӣ дар Душанбе

АКС: Хобгоҳи “мактаби куҳна”-и Айнӣ дар Душанбе

АКС: Хобгоҳи “мактаби куҳна”-и Айнӣ дар Душанбе

АКС: Хобгоҳи “мактаби куҳна”-и Айнӣ дар Душанбе

АКС: Хобгоҳи “мактаби куҳна”-и Айнӣ дар Душанбе

АКС: Хобгоҳи “мактаби куҳна”-и Айнӣ дар Душанбе

АКС: Хобгоҳи “мактаби куҳна”-и Айнӣ дар Душанбе
Мӯҳр
Толибилм
Бародар Фазлиддини Азими кори хубе накарди. Бо ин корат чандин толибилмро аз чой бечой карди, о мо гуфтем ба Шумо ку ако илтимос моро расонаи накунед, ки окибаташ хуб нест....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)