Бахшҳо
06 июл 2015 11:04Тоҷикистон / Сиёсат

АКС: Насиҳати Э.Раҳмон ба прокурорҳои навтаъин: Аз наздикӣ ба мардум то ҷилавгирӣ аз фасод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 6-уми июл як қатор тағйироти кадриро дар мақомоти прокуратура ва дигар ниҳодҳои давлатӣ амалӣ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла Қурбонзода Шариф Ҳабибулло сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ ва назорати маводи нашъаовар таъин шудааст.

Ба иттилои манбаъ Алимардонзода Маҳмудалӣ Амрияздон, ки то ҳол ба ҳайси додситони низомии вилояти Хатлон кор мекард, муовини сарпрокурори ҳарбии ҷумҳурӣ, Муҳаммадӣ Изатулло Сайфуллозода муовини якуми прокурори вилояти Суғд, Солизода Арабшо прокурори шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, Раҳмонзода Анвар Хол прокурори шаҳри Исфараи вилояти Суғд, Арабзода Муҳаммад Хӯҷа прокурори ноҳияи Айнии вилояти Суғд, Сироҷзода Сайфиддин прокурори ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, Абдусатторзода Умедҷон прокурори шаҳри Нораки вилояти Хатлон, Ҳисориев Маҳмадамин Исматович прокурори нақлиёти Хатлон, Юсуфзода Абдурашид Сангаҳмад прокурори ҳарбии гарнизони Қурғонтеппа ва Собирзода Идибек Қосим прокурори ҳарбии гарнизони Рашт таъин гардиданд”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур илова кард, ки инчунин Назрӣ Шамсмуҳаммад ва Одинаева Зулфия Ҳомидовна аз вазифаи муовинони вазири нақлиёт озод карда шуданд: “Ёрова Зулфия Маҳмаднабиевна муовини вазири нақлиёт ва Фахруддинов Фарухҷон Неъматович сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт таъин гардиданд”.

Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон аз прокурорҳои навтаъин хостааст, ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои коррупсионӣ, хариду фурӯши замин, пешгирӣ аз ифротгароӣ ва коҳиш додани ҷинояткорӣ дар миёни ноболиғонро вусъат диҳанд: “Таъкид гардид, ки барои пешгирӣ аз гумроҳшавӣ ва гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундрав бо ҳамаи мақомоти давлатию ҷамъиятӣ бояд ҳамкорӣ тақвият дода шавад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҳамаи нафарони ба вазифаҳои баланду пурмасъулият таъингардидаро ба кору хизмати софдилонаю содиқона, тарғибу ташвиқи ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим ва ба ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлати Тоҷикистон даъват намуд”.


АКС: Насиҳати Э.Раҳмон ба прокурорҳои навтаъин: Аз наздикӣ ба мардум то ҷилавгирӣ аз фасод

АКС: Насиҳати Э.Раҳмон ба прокурорҳои навтаъин: Аз наздикӣ ба мардум то ҷилавгирӣ аз фасод

АКС: Насиҳати Э.Раҳмон ба прокурорҳои навтаъин: Аз наздикӣ ба мардум то ҷилавгирӣ аз фасод

АКС: Насиҳати Э.Раҳмон ба прокурорҳои навтаъин: Аз наздикӣ ба мардум то ҷилавгирӣ аз фасод


АКС: Насиҳати Э.Раҳмон ба прокурорҳои навтаъин: Аз наздикӣ ба мардум то ҷилавгирӣ аз фасод

АКС: Насиҳати Э.Раҳмон ба прокурорҳои навтаъин: Аз наздикӣ ба мардум то ҷилавгирӣ аз фасод
Мӯҳр
кулябец
Чи хел насихат? Дар сиёсат насихат намешавад! Талабот ва супориш дар асоси конун!! Насихатро бобои нафакахур ба наберааш мекунад!

Хукушинос
Ба устоди гироми Пиров ягон вазифаи пурмасъулият надоданд? Агар устодро кадр кунанд ба ягон вазифаи сазовор фикр мекунам хато намекунанд, чунки устодам чи аз чихати дониш ва чи аз чихати пешравии корхо дар макомот яке аз бехтаринхост. Замоне расидааст, то ки бехтаринхо корро пеш баранд.

Рост гуфти Хукукшинос ман шахсан ПИРОВро мешиносам ва бисер шахси донишманд ва боадолат аст агар хамаи прокурорхо хамин хел ва мисли Юсуф Рахмон бошад дар Точикистон адолат таъминмешавад ва Корупсия аз байн меравад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)