Бахшҳо
06 июл 2015 11:50Тоҷикистон / Сиёсат

Коммунистҳои рус хостори ҷорӣ гардидани виза бо Тоҷикистон шудаанд

Валерий Рашкин, муовини раҳбари Ҳизби коммунисти Русия ва Сергей Обухов, дабири ин ҳизб, дар як муроҷиатнома аз Хадамоти федеролии муҳоҷират ва Хадамоти федеролии марзбонӣ дархост кардаанд, бо кишварҳои Осиёи Миёна низоми раводид ҷорӣ кунанд.

Ба бовари онҳо, бештари муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Миёна ба Русия ворид мешаванд ва низоми раводид кори онҳоро ҷиҳати пешгирии вуруди аъзои гуруҳи “Давлати исломӣ” осон мекунад.


Дар муроҷиатномае, ки унвонии Константин Ромодановский, раҳбари Хадамоти федеролии муҳоҷират ва Владимир Кулишов, раҳбари Хадамоти федеролии марзбонӣ ирсол шудааст, дархост шуда, дар марзҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон тафтишоти иловагии муҳоҷирон дар мавриди робита доштани онҳо ба гуруҳи “Давлати исломӣ” гузаронида шавад.

Валерий Рашкин, дабири Ҳизби коммунисти Русия, муроҷиати ҳизбашро ба мақомот чунин шарҳ додааст: “Мо мардуми Осиёи Марказиро эҳтиром дорем. Ба раҳбарони диние, ки ҳамеша ба муҳоҷирон мефаҳмонанд, ки фаъолиятҳои террористии ДИИШ аз нигоҳи Қуръон қобили қабул нест, эҳтироми хоса дорем. Аммо, террористон барои мағзшӯӣ ва ҷалби шаҳрвандони кишварҳои номбурда имкониятҳои бештар доранд ва дар ин замина муваффақ шудаанд”.

Ин вакилони парлумон гуфтаанд, ҷангҷӯён ҳамеша талош доранд, дар Русия нуфуз пайдо кунанд, аммо ҳоло боло рафтани таваҷҷуҳи ҷангҷӯён ба шаҳрвандони Эрон, Сурия ва дигар кишварҳои ин минтақа, чашми онҳоро аз Русия дур кардааст: “Ба ин хотир, террористҳо метавонанд шаҳрвандони кишварҳои дигарро мағзшӯӣ кунанд ва ба чанд далел метавонанд дар Осиёи Марказӣ ба муваффақият бирасанд”.

Онҳо сатҳи баланди муҳоҷират ба Русия, низоми бидуни раводид ва вазъи мушкили иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказиро аз муҳимтарин далелҳои муваффақ шудани террористон дар Осиёи Марказӣ донистаанд.

Ин пешниҳоди коммунистони рус дар ҳолест, ки ахиран нашрияи “АиФ” низ пешниҳод кард, Русия бояд бо Тоҷикистон низоми раводид ҷорӣ кунад. Аммо Худобердӣ Холиқназаров, раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, зимни як нишасти хабарӣ ҷорӣ шудани низоми раводид миёни Русияву Тоҷикистонро номумкин хонд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)