Бахшҳо

Bloomberg: Собиқ фармондеҳи пойгоҳи 201 ҳозир дар Украина фармондеҳӣ мекунад...

Генерал-майор Алексей Завизон, фармондеҳи собиқи пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон ба иттилои Хадамоти амнияти миллии Украина феълан раҳбарии низомиёни Донетскро ба уҳда дорад.

Хадамоти амнияти миллии Украина бо ирсоли як гузориш ба Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико изҳор доштааст, ки феълан дар қаламрави Донетск ва Лугански Украина 5 генерали Русия қарор доранд, ки бевосита дар ташкили қувваҳои мусаллаҳ ва идораи он дар ин минтақаҳо иштирок доранд.

Дар ин санади мақомоти амниятии Украина, ки хабаргузории “Bloomberg” нашр кардааст, бархилофи изҳороти пешӣ мушаххасан ному насаби генералҳои рус низ оварда шудааст. Аз ҷумла номи генерал Алексей Завизон, ки аз январи 2006 то соли 2009 пойгоҳи низомии Русияро дар Тоҷикистон фармондеҳӣ кардааст, зикр шуда, таъкид гардидааст, ки Завизон дар Донетск ба ҳамоҳангсозии фаъолияти нерӯҳои низомии Русия машғул аст.

Алексей Завизон расман моҳи январи соли 2014 муовини фармондеҳи артиши 41-уми Русия таъин шудааст, аммо расонаҳои Русия дар ҷои кораш ӯро пайдо накардаанд. Гуфта мешавад, ки Завизон ба ҷои кори дигар таъин шудааст, аммо ҷои нави кори ӯ зикр нагардидааст.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мушовири раиси Хадамоти амнияти миллии Украина, Маркиян Лубкивский низ изҳор дошт, ки генерал Завизон бо лақаби “Алагир” аз моҳи январи соли 2015 дар қаламрави Донетск қарор дорад.

Аммо Вазорати мудофиаи Русия расман ҳузури Завизон ва 4 генерали дигарашро дар қаламрави Украина қатъиян рад кардааст.

Ин дар ҳолест, ки номи Завизон замони фаъолияташ дар Тоҷикистон баъди фошкориҳои Викиликс низ вирди забон шуда буд. Викиликс мактуби сафорати Амрикоро ифшо кард, ки дар он гуфта шудааст, Завизон моҳи ноябри соли 2006 дар қабули сафири Амрико ин кишварро дар он муттаҳам кардааст, ки талоши бастани пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро мекунад. Ба навиштаи дипломатҳои амрикоӣ баъди изҳороти шадидуллаҳни Завизон дар ҳаққи амрикоиҳои африқоитабор масъулини сафорат водор шуданд, ки мулоқотро ҳар чӣ зудтар хотима бахшанд.


Дар акс: Генерал Завизон бо расиҷумҳурҳои Русия ва Тоҷикистон ҳангоми боздид аз пойгоҳи 201
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)