Бахшҳо
07 июл 2015 09:29Тоҷикистон / Сиёсат

Генерал Хайруллоев марги Боборизо аз тири марзбонҳои қирғизро баррасӣ мекунад

Генералҳои тоҷик - Шералӣ Хайруллоев, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Аъзам Қосимов, мушовири вазири мудофиаи кишвар барои таҳқиқи ҷузъиёти ҳалокати сокини 18-солаи ҷамоати Чоркуҳ ва ҷароҳати марзбони тоҷик аз тири марзбонҳои қирғиз дар ноҳияи Исфара қарор доранд.

Ба иттилои манбаи “Озодагон” феълан мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон барои муайян намудани ҷузъиёти тирпаронии рӯзи 6-уми июл дар марз, ки пайи он Боборизо Мирзоев, сокини 18-солаи ҷамоати Чоркуҳ кушта ва як марзбони тоҷик маҷруҳ шудааст, идома дорад: “Аз тамоми мақомоти қудратӣ намояндагон ба ҷои ҳодиса рафтаанд ва дар сурати муайян шудани ҷузъиёти ҳодиса онро ироа хоҳем кард”.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти марзбонии Қирғизистон чун одат дар чунин ҳолатҳо пешдастӣ карда, 6-уми июл, бо пахши як изҳорот ҷониби Тоҷикистонро дар ин қазия гунаҳкор кардааст, аммо дар мавриди як кушта иттилое надодааст.

Тибқи иттилоияи марзбонони Қирғизистон 6 шаҳрванди Тоҷикистон дар мавзеи Қочо-қарини ноҳияи Бодканд, марзро убур карда, дар қаламрави Қирғизистон ба тарафи мошинҳои шаҳрвандони ин кишвар, ки тариқи роҳи Бодкан-Исфана мегузаштаанд, санг мепартофтаанд: “Онҳо ба фармони марзбонони қирғиз барои бозгашт ба қаламрави кишвари худ итоат накарда, сӯи марзбонон низ санг андохтаанд. Марзбонони тоҷик, ки ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, барои ҷилавгирӣ аз амали шаҳрвандонашон коре накарданд. Баръакс марзбонони тоҷик зӯроварӣ карда, якҷоя бо шаҳрвандонашон талош намуданд, ки силоҳи марзбонони қирғизро гиранд. Дар натиҷа аз ҳар ду ҷониб як тирӣ холӣ карда шуд, ки дар пайи он як шаҳрванди Тоҷикистон маҷруҳ гардид”.

Ҷониби Қирғизистон дар пайи гунаҳкор кардани ҷониби Тоҷикистон изҳор доштааст, ки феълан тафтиши ин қазия идома дорад ва мулоқоти ҳайатҳои ду ҷониб дар назар аст.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд ва аз ин нишондод танҳо 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат гиранд.

Мӯҳр
Ман аз ин фочеа, чун шиква ба Яздон набарам??????? То ба кай????!!!!????

тоҷик
озодагон хоин ва ҷирахури Қирғизистон аст бояд баста шавад
ҳамеша дидгоҳи қирғизора таблиғ мекунад аммо назари ТҶро намеорад комилан маълум аст ки муғризона аст

Озодагон чуба маълумоти нодуруста чоп мекунед худуди дехаи Чоркухи шахри Исфараба марзбонони киргиз гайриконуни ворид шуда сокини хамин дехая ба катл расонидаанд.

боз саршуд
Чи гапай и худаш? Наход КРГЗ хам ба сари точик зури кунад! Шармандагияй!!! Кани макомоти точикистон худатона нишон дихед бинем ки аз дасттон чи мебиет. Зури шумо факат ба ришу сатри мардуми мусалмони бечораи кишвар мерасад!!! Аз сархад берун гаптон да наскитлн намегзарад!!!!

Миллате хастем,ки тулли зиндаги хама вакт аз сояи худ метарсидем. Барои хамин руз то руз заминхои мо каму мо худ руз то руз охиста охиста аз байн меравем. Таърихро назар мекуни Точик буздил буду монд то имруз. Чунки шахрхои каддимаву заминхои худро бо хушомадгуии точиконаи худ бо ду дасти адаб ба як миллате дод ки на таърих дораду на миллат буд. Чунки мо Точики тарсуи худкушу бегонапарст будем ва мемонем !!!

Тоҷик
Куҷо шуд хуну ғурури тоҷикон? Ки иоро тарсу кардааст? Эй давлатдорон, агар шумо тарсед, мо наметарсем, фақат дар паҳлуи мо бошед ё ба мо коринагиред худамон ҳисоби қирғизони чашмтангро диҳем охир!!!!

тахкик мешавад ва аз дасти точикон ягон бало намебийод,!!!

Индафа дига мо мардуми чоркух кисос мегирем агар бе адолати шавад наход точико ика беахмият бошан киргиз маст буд тир паронд о дар тапончаи точик тир набуд аз кучо тир паронд озодагон пахш кунед

ислом.70mail.ru
Вой бар холи миллати худкуш...............! Ку як сархадбони бо ъору бо номус ки ин издевацияхои нисбати моро хотима бахшад ва то киемат ва дар киемат хам номашро бо Шахид маъруф намояд. Ин миллатхои Мангет хакикатан хавои дахони моро гирифтаанд. ку гурури милли? ин аст окибати хамдигарро газидан,ин аст окибати хамаро пушти панчара карданд, ин аст окибати барои резултат, худнамоиши ва барои вазифа шуда мардумро тухмат карда ба зиндон кашиданд. Охиста- охиста навбат ба хама мерасад. Худовандо! ин миллати сарсахти маро боз як маротибаи дигар бубахш, Худовандо ин миллати сарсахт ва худкуши маро аз мазлуми начод дех ва хидоят кун ОМИН ва е Раббил Ъоламин.

Хело боиси таасуф аст ки аз раҳмдиливу худотррсии мо нисбати ҳамсоягон истифода мебаранд . Худованд ин истиқлолиятро ба мо арзони дод ба хотири он ки зирак ва ҳушёр бошем на ин ки ба чашми миллати худ хок пошем . Чун дар Руссия аз муҳоҷирон дифоъ карда натавонем дар тули 20 сол марзи худро аломатгузори карда натавонем пас дар оянда мо чи хел даъвои Самарҷанду Бухороро ки ба таври муфт ба узбакҳо СССР тақдим намуд мекарда бошем . Хулоса пешниҳоди ман ин ки тамоми марз аломатгузори карда шуда заминҳое ки ба қирғзҳои ношукр дода шудаас гирифта шавад ва дубора ҳар ваҷаб замине ки дода мешавад ба маблғи 1 барел нефт ба онҳо дода шавад. Бо узбакҳо низ чунин муомила карда шавад.

Шараф
Бояд фавран Генерал Шох Искандарро ба Исфара бурд. Киргиз аз хад гузаронид. Ин заминхо моли бисмилохи мо точикон мебошанд ва бо таксимоти аблахонаи Сталин ба онхо дода шуданд.

Озарахш
тоҷик,
Маълум, ки як аблаҳ ҳастӣ ва номи тоҷикро ҳаром мекунӣ. Бесаводӣ ки намефаҳмӣ асли гап дар куҷо, аммо мисли хоҷаҳоят фикр мекунӣ фақат ба манъ кардану бастанмешавад корҳоро пеш бурд. Садқаи номи тоҷик шавӣ.

Адолатпарвар,
Ту, ки хабар доштаӣ ҳодиса чи гуна рух дод, чаро ба органҳои салоҳоятдори Тоҷикистон хабар намедиҳӣ. ки онҳо ба воситаи ахбор хабар диҳанд. Овозаи ту барин одами беному нишон намешавад хабар ва манбаи хабар будани одами беному нишон ва такя бар эҳсосот дар журналистика масхарабозӣ аст.

генерал чаро пенсия нарафтааст?

мархабо,
мумкин нест, хам пенсия хам маош!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)