Бахшҳо

Раиси Кумитаи дин иттилои Викиликс оиди маблағҳои Саудиро тасдиқ кард

Сулаймон Давлатов, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон иттилои сомонаи Викиликс дар мавриди он ки бархе аз руҳониёни тоҷик аз Арабистони Саудӣ маблағ гирифтаанд, тасдиқ кард.

Давлатов, имрӯз, 7-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе дар посух ба суоли “Озодагон” иттилои Викиликсро тасдиқ карда, таъкид намуд, ки маблағҳо аз Арабистони Саудӣ дар доираи қонун ҳамчун бурсия гирифта шудаанд. Дар посух ба суоли дигар, оё шахсони алоҳида, ки аз онҳо дар иттилои Викиликс ёд мешавад, ҳаққи гирифтани бурсияро доранд, гуфт: “Он маблағҳои шахсони алоҳида набуда, бурсияҳо буданд, ки дар асоси қонун гирифта шудаанд”.

Раиси Кумитаи дини Тоҷикистон аз ифшои ному насаби нафароне, ки дар сомнаи Викиликс зикр шудаанд, худдорӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки ахиран пойгоҳи интернетии WikiLeaks, ки бо фошкориҳояш аз соли 2007 инҷониб маъруф аст, ахиран аз "руҳониёни зархарид"-и тоҷик иттилоъ дод, ки ба ивази маблағ ғояҳои мазҳабии Арабистони Саудиро таблиғ мекунанд.

WikiLeaks, ки 19-уми июн тақрибан 70 ҳазор мукотиботи Вазорати умури хориҷӣ ва дигар ниҳодҳои Арабистони Саудиро ифшо кард, аз ҷумла номаҳои сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистонро низ нашр кардааст. Дар номаҳои марбут ба Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, ки солҳои 2011-2012 навишта шудаанд, аз ҷумла дархости Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ифшо шудааст, ки барои гузарондани конфронс дар мавзӯи марбут ба Афғонистон аз Арабистони Саудӣ 200 ҳазор доллари амрикоӣ кӯмак хостааст.

Дар номаи дигари сафорати Арабистони Саудӣ, дипломатҳои ин кишвар аз густариши ҳузури Эрон дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, фаъол кардани таблиғгарони ғояҳои мазҳабии Арабистони Саудиро дар Тоҷикистон зарур хондаанд. Аз ҷумла дар номаи сафорати Арабистони Саудӣ, ки 4 соли пеш навишта шудааст, зикр шудааст, 12 нафарро ба ивази маблағ ба таблиғи ғояҳои мазҳабии Арабистони Саудӣ ҷалб кардаанд, ки 5 нафарашон устоди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон мебошанд. Дипломатҳои Арабистони Саудӣ зарур хондаанд, ин раванд густариш ёбад.

Тибқи мактубҳои нашркардаи WikiLeaks бисёре аз мукотиботи сафирону Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ ба масоили мазҳабӣ рабт доранд. Аз ҷумла тибқи ин ҳуҷҷатҳо Арабистони Саудӣ аз Кувайт хоҳиш кардааст, ки пайравони шиаро ба лоиҳаҳояш камтар роҳ диҳад.

Дар асноди ифшокардаи WikiLeaks баробари мукотиботи Вазорати умури хориҷии Арабистони Саудӣ инчунин гузоришҳои хадамоти ҷосусӣ ва Вазорати умури дохилии ин кишвар ҷой доранд.
Мӯҳр
афсона
Бе викиликс хам мардум инро медонист. Виккилик нагуфт ки чаро толибилмони точик аз хама муассисахои таълимии дини кишвархои дунё баргардонида шудаанду аз Куми Эрон не?

Арабистони Сауди Салафихои дар Ирок ва Сурия. Мечанган
Сауди Сармоя гузори инхо мебошад боз Шумо Бинед
Яманро ба чи Хол Овардааст.

ана таин шуд ки аз Хочагони Хоричи ки пул мегирифтааст! Инхо ному фамилияшонро скрыт мекардаанд агар хнитихо мебуданд хатман аз Худо натарсида дар твтхо показуха мекарданд!

Шахбоз
Шумо не кумитаи дин. Ин масъаларо бояд КДАМ бояд тафтиш кунад ва х,ар шахсе ки ба ин кор даст дорад чазояшро дихад

Дил монда
Мухтарам кормандони озоди, сабаб чист навиштахои моро чоп накардед, холо он, ки мо тамоми талаботхои Низомномаи Шуморо риоя мекунем!

Арифметика
200000 доллари Вазорати корхи хоричии ЧТ аз тарафи комиссияи байналмиллали санчида шавад ё аз тарафи Кумитаи "назорати халкии ШУРАВИ" ! Ба дигар сохторхо бовари нест-ДА ?!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)