Бахшҳо
09 июл 2015 09:19Тоҷикистон / Тема дня

(АКС) Гузориш: Қасос аз шавҳар бо баҳои ҷони се кӯдак...

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон шоми 8-уми июл, бо пахши як гузориш тариқи шабакаи аввали телевизиони кишвар қазияи Парвина Абдуллоева, сокини ноҳияи Ёвонро баррасӣ карданд, ки барои қасос аз шавҳар бо се кӯдакаш худро дар шаҳри Душанбе ба канали “Ҳисор” партофтааст.

Ба гуфтаи мақомот ин қазия дар пайи муноқишаи оилавию зуҳури рашк сар задааст, вале ҷузъиёти бештарро ифшо накардаанд.

Манбаи “Озодагон”, ки дар бозпурсии Парвина Абдуллоева иштирок доштааст, изҳор дошт, Парвина пушаймоние баён накард ва танҳо ҳаминро гуфт, ки "бояд худам ҳам мемурдам”.

Абдуллоева сабаби қасди ҷони худу ғарқ кардани се кӯдакашро чунин шарҳ додааст: “Шавҳарам бо духтари аммааш соз гирифтаанд ва вақте ба ман аз ин кораш хабар дод бисёр қаҳрам омад. Ман қасд гирифтан мехостам. Нахостам, ки фарзандонам ба дигар кас монанд, бояд худи ман мемурдам. Акнун шавҳарам месузад”.

Манбаи “Озодагон” афзуд, Парвина қабл аз он ки худу фарзандонашро ба дарё андозад, дар Кӯли ҷавонони Душанбе бо фарзандонаш аксбардорӣ кардааст: “Дар пушти аксҳо номи фарзандон ва боз чизи дигаре навишта онҳоро ба як корманди ошхона дар Кӯли ҷавонон медиҳаду худашро аз болои пул дар маҳаллаи Ҳаёти Нав ба канали Ҳисор мепартояд”.

Ба иттилои манбаъ, аз наздикии ҷои ҳодиса телефони Парвина ёфт шудааст, ки бори охир ба он аз хонаи волидонаш занг задаанд: “Телефони ӯ аз макони ҳодиса ёфт шуд ва маълум гардид, ки аз хонаашон ба ӯ занг задаанд. Парвина гуфт, аз хона ӯро даъват кардаанд, ки ҳар куҷое бошӣ ба хона биё, ки модарат аз набудани ту дар ташвиш шуда, фишори хунаш баланд гардидааст. Аммо ин даъват пеши роҳи Парвинаро нагирифтааст”.

Манбаи “Озодагон” илова кард, ки феълан додситони ноҳияи Сино алайҳи Парвина Абдуллоева бо моддаи 104 қисми 2, (барои куштори 2 ва зиёда нафар, бараъло ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ў барои гунаҳгор аён аст) парвандаи ҷиноӣ боз карда, худи Парвина бо қарори додгоҳи ин ноҳия дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ин иттиҳом ҷазо дар намудаи аз 15 то 25 соли зиндон ё ҳабси якумраро пешбинӣ кардааст.

Қаблан аз Кумитаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон иттилоъ додаанд, Парвина Абдуллоева тақрибан соати 21:18 дақиқа худро бо се фарзанди ноболиғаш - Зиёвиддин Бобоев соли таваллудаш 2008, Маҳина Бобоева соли таваллудаш 2009 ва Омина Бобоева соли таваллудаш 2010 ба канали Ҳисор андохтааст, ки дар натиҷа худи ӯ наҷот ёфта, се фарзандаш ба ҳалокат расидаанд.


(АКС) Гузориш: Қасос аз шавҳар бо баҳои ҷони се кӯдак...

(АКС) Гузориш: Қасос аз шавҳар бо баҳои ҷони се кӯдак...

(АКС) Гузориш: Қасос аз шавҳар бо баҳои ҷони се кӯдак...

(АКС) Гузориш: Қасос аз шавҳар бо баҳои ҷони се кӯдак...

(АКС) Гузориш: Қасос аз шавҳар бо баҳои ҷони се кӯдак...
Мӯҳр
душанбе
Худоё зани беакл хаёти худата сузонди. Фарзандакота хайф карди.
ин дунёву он дунёта сузонди.

Парвиз
Ҷавоб мегуй ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират!

Абдулло
Бародарон ва хоҳарони гиромӣ бояд донем, ки Худованд чи неъмати бузурге барои халқи мо иноят фармудааст, ки ин Ислом азиз аст. Агар ҳар нафаре ба ресмони Ислом чанг бизанад дар 2-дунё саодатманд мешавад. Бубинед як нафар дар қаҳру ғазаб ва қасду кина на танҳо ҳаёти худро барбод дод балки 3-нафар азизони худро аз ҳаёт маҳрум сохт. Ҳар касе аз Ислом воқеан бохабар аст чи қадар эҳтиёткор аст то муртакиби гуноҳи сағира (кучак) нашавад чи расад ба ин гуноҳи кабира (бузург). Дар кадом ҳолате агар ба мусибате гирифтор шудӣ Исломи азиз ба ту дастур медиҳад, ки сабрро пеша кун чун Худованд бо собирон аст.
Хулоса бародарон ва хоҳарони гиромӣ ҳамеша сабрро интихоб кунед, зеро Шайтон дар 2-ҳолат ба инсон наздик аст:
1) Дар ҳолати сахт ғамгин шудан, ки инсон идоракунии худро аз даст медиҳад;
2) Дар ҳолати сахт хурсанд шудан:
Дар ҳама ҳолат чи дар мусибат ва чи дар хушнудӣ сабр кунеду шукронаи Худованди меҳрабонро аз ёд набароред. Худованд ҳамаи мову Шуморо нигаҳбон бошаду сабри ҷамилро барои ҳамаи мо иноят намояд.

Abdulloh
Holo ki vaqt dori tavba kun va boqimonda hayotatro ba to'atu ibodat sarf kun. Metavoni gayri istogfor chize nagui . Shoyad Alloh baxshad.

Сталин
ИСО
як умр бар зиндон..равад..одамоне хастан дар хаки фарзандан.душанбе,
душанбе,

фалокат ту рузта мебини бо, хайфи се тифлаки ноболиги падар. Ту барин зана дар васват хечгуна тахкир намеарзад барои ин гуна зан фалак дар хайрат афтодай хато ислом барои хукум кардан то хол хайронай, бо ин чи бояд кард ??????? сад дареги тифлакон

Зиёвидину, Махинаю Омина, чавон рафтанд азин дунё бо як бахона,
зидасти ин зани золим парвина, надиданд лаззати умри чавонира.
(БАХРУЛЛО)
ту инро бидон ки хар оина ин тифлакон рузи киёмат дар махкамаи Илохи дар назди ун Хокими хакики бар болои ту даъво бар нафсу чону хаёти рабурдаашон нисбат бату бе ор, мекунанд. худованд дар ин мохи муборак и бехтарини моххо мебошад барои ин тифлакон мартабаи шахидира насиб гардонаду аз богхои Чанат бонасибашон гардонад омин омин омин.

Тасвир
мардуми мо як зарбулмасали хуб дранд, ки сад бор чен кун як бор бур. охи касофат аз ягон кас маслихат нагирифти? дигар на дунё фоидат дорад на зиндон. кадом шу бовафо буд, ки боз шуи ту бошад. бало ба паси хамаш буд, вале сад афсуси чони фарзандонат. на ту ва на собик шавхарат зиндагии осуда дошта наметавонед, бехтараш хардуи шумо хам аз ин рузатон бимиред.

Гариб
Бародарои азиз шояд касале дошта бошад.хайвон бачаша намекуша?душанбе,
душанбе,

дахшат нишонахои охири замонай чи

Сталин,

Мегуянд, зан дар зиндаги 3 бор мемирад:вакти дарди кудак,лахзае, ки хабари зангирии шавхарро мешунавад ва марги илохи.Шояд дар ин гуфтахо асроре бошад, вале набояд барои мард фарзандони кучау бегунохро курбон кард.

Худоё чунин модаре ки аз кардааш пушаймон нест аввал имонашро баъдан чонашро бигирум-кутохандешу касифу Худобехардушанбе,

Барои чи мардро ба чавобгари намекашанд. Вай гунахкор аст ки занро то ба хамин ахволи психоз расондааст.дуюмаш ду занаги дар мо мань аст.Шавхараш мехостааст ки зани дуюм гирад. Парвина шояд аз сабаби нодони психикаи суст буданаш аз суикасд ба чони худашу фарзондонаш рохи халосиро дидааст. Ба вай ердами рухшинос лозим аст, на он ки хабс. Манбоварии комил дорам ки вай аз фикри худкушии холо хам даст накашидааст. Гунахкори асоси шавхараш аст!!!!!

Ноинсоф,бевичдон,бесавод,мардакбозу ифлос!!!! Наход шавхари номарда гуфта ба фарзандакот ин дахшатро раво бинй????

Парвина гунаҳкор аст ва дар баробари ӯ бояд шавҳари ноаслашро, низ ки барои айши худ коми аҳли байташро талх кард, ба ҷавобгарӣ кашид. Зану фарзанд дошта, боз фикри зани дигарро кардан, худ гуноҳ аст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шояд ин бор чашмонашонро калонтар кушоянд. То кай ба занҷаллобии як тоифаи ношуд чашм мепӯшанд. Вагарна вой бар ҳоли қонуну қонунбарор ва тоҷики бе ин ҳам саргардон....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)