Бахшҳо

Улҷабоева: Ба рушди соҳибкорӣ бо ин шеваи фаъолият бовар надорам

Дар Тоҷикистон то ислоҳоти воқеӣдар бахши андозбандӣ амалӣ нагардад, рушди соҳибкорӣ, афзоиши корхонаҳо, махсусан корхонаҳои истеҳсолиро интизор шудан мумкин нест.


Ин нуктаро Матлуба Улҷабоева, раиси Асоссиатсия соҳибкорони хурду миёнаи Тоҷикистон, зимни як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе иброз дошт.

Дар мавриди мароторий барои корхонаҳои истеҳсолӣ, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар аввали моҳи ҷорӣ эълон кардааст, Ӯлҷабоева гуфт, он дар афзоиши шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ нақши ҳалкунанда нахоҳад дошт: «Ман фикр намекунам, ки танҳо бо эълон намудани мараторий шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ бо суръат афзоиш  ёбад. Таъсис додани корхона дар мо айни ҳол содда шудааст. Вале нигоҳдории корхона, самаранок кардани фаъолияти он мушкил аст. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 83 фойизи даромади корхонаҳои мо барои андоз сарф мешавад, 17 фойизи маблағҳо мемонанд, ки ба ҳеч чӣ намерасад.

Ба гуфтаи Улҷабоева, муҳити соҳибкорӣ маҷмӯи омилҳоро фаро мегирад ва агар яке аз онҳо амалӣ нашавад, роҳандозии тиҷорат ва густариши он вазнин хоҳад буд.

Вай мушкили дигарро, ки монеи густариши соҳибкорӣ дар Тоҷикистон шудааст, мавҷудияти ҳар гуна иҷозатномаҳо арзёбӣ кард: « Дар мо қонун «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ» қабул шуд. Ин низоми қабулшуда хуб аст, аммо механизми муайяни татбиқи худро надорад. Ниҳодҳои давлатӣ, ки бояд муқаррароти қонунро иҷро намоянд, баръакс ҳар гуна иҷозатномаҳои иловагиро зам кардаанд. Прокуратураи генералӣ, ки бояд риояи қонунро назорат барад, намедонад ба ин низом чӣ гуна муносибат кунад».

Барои беҳбуди фазои соҳибкорӣ, коршиносон зарур мешуморанд, ки Кодекси андоз, ки айни ҳол дар таҳрири нав омода шуда истодааст, назари соҳибкорону коршиносони мустақили Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)